Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани мавқеъи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон менамояд.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур, муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имкониятҳои истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифгари маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Дар озмун шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Ғолиби Озмун бо ҷоиза, 20 000 сомонӣ (Бист ҳазор) мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар Озмун бо суроғаи: ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ 14а пешниҳод намоянд.
Телефон барои тамос: 909 17 55 55
ТАЛАБОТҲОИ АСОСӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
Талаботи асосӣ нисбат ба довталабон:
– шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё берун аз он) фаъолият мекунанд;
– аз синни 16 сола боло бошад.
Барои иширок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
– ариза;
– нишонаи сохташуда;
– тавсифи нишона (маълумоти умумӣ вобаста ба нишонаи пешниҳодшуда);
– маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун (ариза, нишон, шиноснома ва тавсифнома).
Иштирокчии озмун метавонад якчанд нишонаро, ки тибқи тартиби муқарраргардида офаридааст, пешниҳод намояд.
Натиҷаи ҷамъбасти озмун пас аз тартиби муқарраргардида дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.
*Намунаи ариза ва Қоидаҳои ташкилу баргузории озмун.
ТАЛАБОТ БА НИШОНАИ ПЕШНИҲОДШУДА
Дар озмуни мазкур, ки Бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, довталабон бояд нишонаҳоеро пешниҳод намоянд, ки дар он унсурҳои асосӣ ва иловагии дар поён овардашуда бошанд.
Унсурҳои асосӣ:
– номи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои мухталиф ва ё рамзҳои давлатӣ бо таври махсус навишта ё тасвиршуда;
Унсурҳои иловагӣ:
– тасвири таърих, фарҳанг ва анъанаи халқи тоҷик бо таври махсус инъикос ёфта;
-дастовардҳо ва имкониятҳои истеҳсолии кишвар;
– тасвири соҳибихтиёриву ватандустии миллати тоҷик;
– тасвири манзара, макон ё мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Нишона бояд диққатҷалбкунанда, муосир, дилкаш, хотирмон ва муаррифгари Тоҷикистону маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Нишона бояд бо формати jpeg, png, giff, наққошии дастӣ ба адозаи 1000×1000 px ва ғайра пешниҳод карда шавад.