ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСА

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСА

Санаи 17 феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод гардида буд, ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур роҳбарият ва кормандони Муассиса иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо ҷанбаҳои гуногуни Паёмро вобаста ба фаъолияти Муассиса шарҳ дода, таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи муҳим ва пурмасъули ҳар як фарди кишварамон арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷамъомад сардорони як қатор воҳидҳои сохтории Муассиса оид ба паҳлӯҳои мубрами Паёми навбатии Президенти кишвар андешаҳои худро иброз намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои муҳиму созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment