Фарорасии иди модарон муборак ҳамватанони азиз!

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Фарорасии иди модарон муборак ҳамватанони азиз!

Бо фарорасии рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат Иди занону бонувон низ фаро мерасад. Ин ид аз ибтидои садаи 20 сарчашма гирифта, бо ташаббуси фарзандони бохиради инсон сол аз сол мақоми воқеӣ мегирад ва эҳтирому манзалати Зан-Модарро дар ҷомеа боло мебардорад. Сар карда аз соли 2011,  дар кишвари мо 8-уми март ҳамчун «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифшои як ҷаҳон меҳру муҳаббати содиқонаву самимона нисбати Зан-Модар «Рӯзи Модар» унвон гирифтани ин ҷашнвораро чунин шарҳ медиҳад: «Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем».

Дар ҳақиқат, рушду устувории ҷомеа ба Зан – Модар вобастагии зич дорад, зеро танҳо аз модари солим кӯдаки солим ва аз кӯдаки солим оилаи солим, ҷомеаи солим бунёд мегардад.

Дар Китобхонаи давлатии патентию техникӣ низ, зиёда аз панҷоҳ фисади кормандонро занону модарон ташкил медиҳанд, ки рисолати хешро ҳам дар оиладорию ташаккули ҷомеа ва ҳам дар рушду нумуи соҳаи китобдорӣ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум мебошанд.

Инак, бо як ҷаҳон ифтихормандӣ тамоми бонувон, занону модарон, хоҳарони азизро ба ифтихори фарорасии ин ҷашни пуршукӯҳ – «Рӯзи Модарон» самимона табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осударо таманно менамоем.

Солизода Заррина корманди шуъбаи Маркетинг ва рушди КДПТ.

Пештара
Баъди

Leave A Comment