Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ

Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ

 Санаи 25 июни соли 2021, бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ» ташкил ва баргузор гашт.

Дар кори Конфронс зиёда аз 50 нафар Роҳбарони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин директорон ва кормандони китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Холиқов Тоҳир Халилович ҳусни оғоз бахшида оид ба ҳадафҳои асосии баргузории Конфронс,  вазъи воқеии фаъолияти китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни китобхонаҳо,  таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои  интернетӣ, таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш, мухтасар изҳори назар намуд.

Дар кори Конфронс Мирзоалиев Н.Ҷ.-сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадобек Маҳмудов-муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Шарифҷон Комилзода-муовини директори «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар  баромади кормандони китобхонаҳои  вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳҳо  роҷеъ ба масоили ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни  омӯзиши техникаю технологияи навин баён ёфта, баҳри бартараф сохтани камбудию нуқсонҳои кор,  пешниҳодҳои созанда ироа гардид.

Ба иштирокдорони Конфронс лаҳзаҳои қаҳванӯшӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ ташкил ва маводҳои чопшуда  ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд.

М.Сидиқов-Муовини директори Китобхонаи давлатии патентию техникии  МД ММПИ

 

Пештара
Баъди

Leave A Comment