Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи донишҷуён, мутахассисони соҳаҳои гуногун, инчунин навоварон ва соҳибкорони ҷавон мерасонад, ки Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва Академияи моликияти зеҳнии Россия (РГАИС) аз санаи 28 июн то 9 июли соли ҷорӣ мактаби тобистонаи СУМЗ-ро тариқи иштироки бевосита ва фосилавӣ ташкил менамояд.
Мактаби тобистона, ин лоиҳаи таълимӣ буда, барои донишҷуён ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, соҳибкорони ҷавон ва навоварон равона шуда, ба иштирокунандагон имконият медиҳад, ки дониши худро дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва моликияти зеҳнӣ сайқал диҳанд.
Барои бақайдгири ва дастрас намудани маълумоти муфассал ба сономаи мактаби тобистонаи СУМЗ 2021 ворид шавед.