Санаи 3-юми сентябр дар маҷлисгоҳи Китобхонаи давлатии патетию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи китоб” доир гардид. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ директори КДПТ Т.Х.Холиқов кушода, ҳозиринро ба ин рӯзи муборак табрику таҳният намуд. Сипас, М.Сидиқов-муовини директори китобхона; Шарипова В., Саидов П-мудирони шуъба ва Мирзоева Р – саркитобдори шуъбаи феҳристҳои электронии КДПТ МД ММПИ сухан гирифта, оиди қадру манзалати китоб, соҳаи китобу китобдорӣ, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муайяну мушаххас намудани муаммоҳои ҷойдошта дар низоми фаъолияти китобхона дар давраи воридшавӣ ба ҷаҳони муосири техналогияҳои иттилоотиву интернетӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кормандони китобхона, тарбияи насли наврас, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон бо мақсади рушди ҷомеаи демократӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маърӯзаҳо карда, ҳозиринро табрику шодбош намуданд.
Чорабинӣ басо рангин ва хотирмон доир гардид.
М.Сидиқов-муовини директори Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ.