Китобхонаи давлатии патентию техникӣ (минбаъд КДПТ)-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Китобхонаи марказии илмию техникӣ, ки соли 1958 ташкил шуда буд, бо қарори Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ аз 6 майи соли 1965, таҳти №22 бо номи китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ таъсис ёфтааст.
Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993, таҳти №242 китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ, ба китобхонаи давлатии патентию техникӣ табдил ёфта, ба сохтори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Хазинаи китобхона дар ибтидо 4500 нусха китоб дошт. Аз соли 1967 ба хазинаи китобхона ҳуҷҷатҳои патентӣ ва феҳристҳои саноатӣ ва аз соли 1969 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ворид шуданд. Хазинаи Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ тибқи муқаррароти соҳавӣ ва бо дарназардошти талаботи соҳаҳои асосии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили мошинсозӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиё, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва ғайра пайваста бо ҳуҷҷатҳои нав такмил меёфт. Аз ҷумла, бо адабиёти ватанию хориҷӣ, илмию техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, ҳамчунин нашрияҳои маълумотию библиографӣ, варақаҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои патентию меъёрӣ ва феҳристҳои саноатӣ. Кормандони китобхона барои такмили саривақтии хазинаи китобхона бо ҳуҷҷатҳои тозанашр, ҳифзу нигоҳдорӣ ва таблиғи онҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд.
Дар ташкил ва пешбурди фаъолияти Китобхона саҳми роҳбарони он: Софья Мамеджановна Xмырова (с. 1965-1967), Екатерина Михайловна Боровская (с.1968-1976), Светлана Додобаевна Масаидова (с.1976-1996), Қосимҷон Исмоилович Исмоилов (с.1996-1999), Вера Анатольевна Кухаренко (с. 1999-2003), Орифҷон Амиров (с. 2003-2004), Лола Рахматуллоевна Саидмуродова (с. 2004-2005), Зайналобуддин Валиевич Кобулиев (с. 2005-2006), Ҷамшед Олимҷонович Исоев (с. 2006). Тоҳир Халилович Холиқов (с. 2006-2007), Абдулло Ҳабибуллоевич Табаров (с. 2007-2011) ва Боймурод Убайдуллоевич Боев (аз с. 2011-2015, Бутаева Гулнора Тоировна (аз соли 2015-2020), Холиқов Тоҳир Халилович (аз соли 2020 то имрўз) назаррас мебошад.
Соли 1969 ҳайати кормандони Китобхона ҳамагӣ 22 нафарро ташкил медод. Соли 1970 сохтмони бинои Пажуҳишгохи иттилооти илмию техникӣ оғоз ёфт ва дар сохтори он барои китобхона низ ҷой пешбинӣ шуд.
Соли 1976 Китобхона ба бинои нави замонавӣ кӯчид. Вобаста ба таъмини китобхона бо бинои нав, сохтори китобхона низ тағйир ёфт. Дар китобхона шуъбаҳои такмили хазинаҳо, коркарди илмӣ ва ташкили феҳристҳо, нигоҳдории хазинаҳо, хизматрасонии хонандагон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва феҳристҳои саноатӣ, коркарди хазинаи патентӣ, кори иттилоотӣ оид ба ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонии маълумотию иттилоотӣ, адабиёти хориҷӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ ташкил ёфтанд.
Такмили пайвастаи хазинаи Китобхона бо ҳуҷҷатҳои нав, тибқи муқаррароти соҳавӣ коркарду ба расмиятдарории он, ҳифзу нигоҳдорӣ ва дастраси хонандагон намудани адабиёти зарурӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи донишу малакаи кории кормандони Китобхона вобастагӣ дошт. Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки дар татбиқи вазифаҳои муҳими китобхона саҳми кормандони собиқадори китобхона, аз қабили Н. Н. Андреева, Э. О. Шерле, Н. А. Селивер Х. Халилова, Н. А. Содиқова ва дигарон хеле калон аст.
Рисолати асосии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, пеш аз ҳама, ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, ба гуруҳ дарорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, омӯзишу тарғиб ва истифодаи самараноки хазинаи муташаккили иттилоотӣ зоҳир гардида, барои мутолиаи маъхазҳои иттилоотӣ ба хонандагони сершумори гуногунсоҳа шароит муҳайё месозад ва ҳамзамон бо истифода аз захираи бою рангини хеш чиҳати баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат менамояд. Дар ин робита Китобхона муваззаф шудааст, ки хазинаи хешро бо ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиёти гуногунсоҳаи ватаниву хориҷӣ, асноди меъёриву техникӣ пайваста мукаммал гардонад, дар мубодилаи байналмилалии ҳуҷҷатҳои патентӣ фаъолона ширкат варзад, ҳуҷҷатҳои ба хазина воридшударо ба расмият дарорад, хизматрасонии китобдорӣ-библиографиро ба роҳ монад, дар фаъолияти хеш низоми худкори раванди китобдорӣ-иттилоотиро татбиқ намояд.
Айни замон дар Китобхона 9 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муҳосибот, мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумотӣ–иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ, нигоҳдории хазинаҳо, маркетинг ва рушди китобхона ва феҳристҳои электронӣ амал мекунанд, ки дар он 53 нафар кормандон кору фаъолият доранд.
Хазинаи КДПТ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин : Myассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (МД ММПИ); Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ); Идораи патентии Авруосиё (ИПАО); Идораи патентии Аврупоӣ (ИПА); Идораҳои патентии давлатҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷа; Пажуҳишгоҳи федеролии моликияти саноатии Русия; Маркази иттилооту нашрияи Роспатент (ФР); Коллектори марказии китобхонаҳои ш. Москва, мубодила бо идора ва муассисаҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, китобхонаҳои мамолики хориҷ; харидорӣ аз мағозаҳои китобфурӯшӣ ва китобҳои туҳфашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамасола пурррагардонида мешавад. Хазинаи КДПТ МД ММПИ то нимсолаи 2021 15 493085 нусха ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.Теъдоди хонандагони китобхона то нимсолаи 2021 4803 нафарро дар бар мегирад.
Дар даврони истиқлол яке аз заминаҳои асосии пешбурди фаъолияти Китобхонаи давлатии патентию техникии МДММПИ, ин ворид гардидан ба ҷаҳони муосири технологияҳои компютерӣ буд. Соли 1998 бо дастгирии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба КДПТ 3 адад компютери тамғаи Pentium II супорида шуд. Инчунин, соли 2000 аз ҷониби Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон ба КДПТ бо тариқи ройгон барномаи маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷӯйии «Ирбис» тўҳфа карда шуд, ки он замон ин барнома ҳамагӣ дар як адад компютери китобхона насб шуда буд. Аз соли 1998 то ба имрӯз китобхона бо дастгирии Муассиса аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ теъдоди компютерҳоро ба 50 адад расонид. Аз соли 2000 то ба имрӯз хазинаи ММ ва Ҷ «Ирбис» бо беш аз 282736 ҳазор тавсифи китобшиносӣ пурра гардонида шуда, барои истифодаи хонандагон пешниҳод гардид. Дар Китобхона корҳои марбут ба автоматисозии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ тибқи нақша роҳандозӣ шудааст.
Ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидан ба рушди фаъолияти китобдорӣ соли 2007 дар радифи шуъбаҳои амалкунанда боз ду шуъбаи нав: шуъбаи феҳристҳои электронӣ, шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона ба фаъолият шурӯъ карданд. Шуъбаҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ, технологияи компютерии пайваст бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва мутахассисони баландихтисос таъмин карда шуд. Дар ҳамон сол бо дастгирии роҳбарияти Ташкилоти патентии Авруосиё, Китобхона ба Шабакаи патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» www.eapatis.com, пайваст гардид, ки, хазинаи шабакаи мазкур айни замон 84 млн. нусха ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.
Соли 2007 бо ибтикори роҳбарияти КДПТ (бепардохти маблағи иловагӣ) аз ҷониби мутахассисони китобхона, сомонаи интернетии КДПТ www.gptb.tj таъсис дода шуд ва дар саҳифаҳои он пайваста иттилооти нав оид ба махзан ва фаъолияти гуногунпаҳлӯи он ҷой мегардад. Айни замон сомонаи КДПТ аз нав таҷдид карда шуда, ба www. kdpt.tj иваз карда шудааст. Аз оғози соли 2013 ҷиҳати иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ва «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», дар сомонаи КДПТ гӯшаи «Патентҳо» ташкил карда шуд, ки дар он номгӯй ва тавсифи мухтасари ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҳуҷҷати ҳифозатии «Нахуст патент» ва «Патент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ дода шудааст, пешниҳод мегардад.
Ҳамзамон, мутахассисони шуъбаҳои автоматикунонӣ, маркетинг ва рушди китобхона, феҳристҳои электронӣ барои такмили сомонаи КДПТ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусӣ, шиносоӣ бо дастовардҳо, омӯзиши малакаи корӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, кормандони Китобхона дар як қатор чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар «Мактаби тобистонаи кормандони китобхонаҳо» (макони баргузориаш ноҳияи Варзоб), мизи мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои китобдорӣ (Китобхонаи миллии Тоҷикистон), семинарҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи Китобхона бо китобхонаҳои мамолики хориҷ (Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино), фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» (Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар), конфронсҳои ҷумҳуриявӣ оид ба масоили бунёди китобхонаҳои электронӣ ва низоми пахши иттилоот тавассути манобеи электронии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ (Китобхонаи давлатии патентию техникӣ) ширкат доштанд. Инчунин дар конфронсҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ «ИФЛА» (Сингапур), «Иссиқкӯл» (ш. Чолпонато, Ҷумҳурии Қирғизистон), «Қрим» (ш. Судак, Ҷумҳурии Автономии Крим, Федератсияи Русия), «Либком», (ш. Москва, Федератсияи Русия) ва Конгресси байналмилалии соҳаи китобдорӣ (ш.Минск, Ҷумҳурии Беларус) иштирок намуданд.
Шурӯъ аз соли 2011 кормандони КДПТ ба як қатор китобхонаҳои низоми марказонидашудаи ноҳияҳои Данғара, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ёвон, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритус, Файзобод, шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Турсунзода, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон (ш.Қурғонтеппа),Тошхӯҷа Асирии вилояти Суғд (ш. Хуҷанд),Садриддин Айнии вилояти Хатлон (ш. Кӯлоб) сафарҳои хизматӣ анҷом дода, доир ба фаъолияти КДПТ маълумот доданд. Тибқи созишномаҳо аз соли 2008 кормандони КДПТ дар курси фосилавии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ»-и Академияи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), таҳти равияи омӯзишии «DL-101», www.wipo.org шомил шуда, онро бо муваффақият хатм намуданд.
Соли 2008 КДПТ бо Китобхонаи давлатии патентию техникии Ҷумҳурии Қирғизистон www.gptb.kg, соли 2012 бо Китобхонаи оммавии илмию техникии Русия www.gpntb.ru ва Китобхонаи миллии Беларус www.nlb.by «Созишнома»-дар бораи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонид. Ҳамзамон, КДПТ бо китобхонаҳои патентии ИДМ, ИМА, Ҷопон ва дигар давлатҳо ҳамкории худро вусъат дода, тавассути мубодилаи байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои патентиро дастрас менамояд.
Тарғибу ташвиқи фаъолияти КДПТ яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҷиҳати ҷалби бештари хонандагон ба китобхона мусоидат менамояд. Фаъолияти КДПТ аз соли 2011 инҷониб тариқи ВАО, аз ҷумла тавассути телевизионҳои “Шабакаи якум”, «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» ва «Пойтахт» тарғиб гардидааст. Инчунин доир ба фаъолияти КДПТ наворҳои кӯтоҳи тарғиботӣ, тариқи сатри равон (дар ҳаҷми 30 сония) тавассути телевизионҳои «Шабакаи якум» ва «Сафина» пахш гардидааст.
Шурӯъ аз соли 2013, бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникӣ то ба имрӯз Конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда шудаанд. Аз ҷумла, соли 2013 таҳти унвони «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа», соли 2014 Китобхонаи давлатии патентию техникӣ доир ба мавзӯи «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии Интернетӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2016 – «Раванди ҷаҳонишавии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017- «Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир», соли 2018 – «Нақши китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир», соли 2019 – «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон», соли 2021-”Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30-соли Истиқлолияти давлатӣ” ташкил ва баргузор шуданд. Маводҳои конфронсҳо пурра дар шакли китоб чоп гардида, ба кулли иштирокчиён тақдим карда шудааст.
Соли 2014 Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми китоб ва касби китобдор, тасмим гирифт, ки боз як чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ, озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-ро баргузор намояд. Озмун бори аввал дар ҷумҳурӣ аз рӯи се номинатсия, «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани нақшу мақоми китоб, самаранокӣ ва сатҳу сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби дастовардҳои соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар буд.
Ҳамзамон, солҳои 2016, 2018 ва 2020 бо иштироки китобдорони ҷумҳурӣ озмуни номбурда ташкил ва баргузор карда шуд. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмун тибқи натиҷаҳои ба дастоварда бо мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Озмун дар ду сол як маротиба баргузор гардида, ин раванд дар оянда идома хоҳад кард.
Давоми соли 2021 дар КДПТ-и Муассиса маҳфили шеъру сухан таҳти унвони “Сайқали зеҳн” ташкил карда шуд, ки фаъолияташ назаррас арзёбӣ мегардад.
Дар рушду нумуи китобхона саҳми кормандони собиқадор ва пешқадам аз қабили Холиқов Т. Х, Бутаева Г, Шарипова В, Азизқулова М, Тоҳирова Ф, Назарова Д, Додова А. ва чанде дигар бағоят бузург буда, мазкур дар тарбияи мутахассисони варзидаи китобдорӣ, моликияти зеҳнӣ ва саноатӣ мавқеи назаррас дошта, мураббии ҷавонон дониста мешаванд.
М.Сидиқов-муовини директор
Г.Бутаева -мудири шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона