«Абармарди дунёи сиёсат», «Афғонистон дар меҳвари нишастҳои СААД ва СҲШ», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • «Абармарди дунёи сиёсат», «Афғонистон дар меҳвари нишастҳои СААД ва СҲШ», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершуморе ба нашр расонид, ки шарҳи мухтасари онҳоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

 «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шумораи №184 (24 291), чоршанбе,  15 сентябри соли 2021 дар саҳифаи аввал  таҳти унвони «Пешвои миллат: рамзи сулҳу осоиши мардумон», «Зиёрати ҷойҳои муқаддас – намунаи сайёҳие, ки рушд мехоҳад», мақолаҳо ба нашр расидаанд.

Инчунин дар шумораи №183 (24-290), сешанбе, 14 сентябри соли 2021 шарҳу мусоҳиба ва хабарҳои ҷолиби диққат манзури хонандагон гардонида шудаанд. Аз ҷумла, «Пешвои миллат, Истиқлол ва ташаккули фарҳанги миллӣ», мусоҳибаи хабарнигор Оҳистамоҳ Вафобек бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зери унвони «Тағйирёбии иқлим бозгашт надорад, ба он мутобиқ бояд шуд» ба нашр расидаанд.

Дар мусоҳиба Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар самти тағйирёбии иқлим чунин изҳори андеша намудааст: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва пешсафи ҳалли масоили глобалии вобаста ба об шинохта мешавад. Дар давраи тағйирёбии иқлим, ки бештар ба соҳаи энергетика ва захираҳои об зиён мерасад, ин ибтикор хеле бамаврид аст, зеро сарчашмаи асосии ташаккули захираи обии дарёҳои Тоҷикистон ва (ҳавзаи баҳри Арал) пиряхҳо буда, онҳо зарар дида истодаанд. Аз ин рӯ, дар ин самт аз ҷониби кумита доимо омӯзиш ва мониторинги ҳолати пиряхҳо сурат мегирад. Бояд гуфт, ки зимни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дарназардошти баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ – амалӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории манбаъҳои обӣ фармоиши раиси кумита «Дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил – 2021» ба тасвиб расида, дар ин ҷода корҳо вусъат мегиранд. То ҳол 691 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардида, дар доираи онҳо 602,5 километр каналҳои магистралӣ, обанборҳои соҳилҳои дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ аз партову ифлосиҳо тоза карда шуданд».

Инчунин дар ин шумора таҳти унвони  «Роҳ ба ояндаи дурахшон», «Аз сидқ то садоқат», «Эмомалӣ Раҳмон- эҳёгари маниши миллӣ», «30 дастоварди бузурги истиқлол» мақолаҳо пешниҳоди  хонандагон гардидаанд.

 «Садои мардум» —  нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар №115 (4377), сешанбе, 14 сентябри соли 2021 дар саҳифаи аввали шумораи навбатии худ таҳти унвони «Ба дастовардҳоямон маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чоп намудааст.

Инчунин дар ин шумора маводи ҷолибу хонданӣ таҳти унвони «Дӯст дорад авфро парвардигор» ва «Соҳаи таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ»  нашр гардидаанд.

«Народная газета» — нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №36, (20317), чоршанбе,  15 сентябри соли 2021 маводи пурмуҳтаво таҳти унвони «Торжественные мероприятия в честь 30-й годовщины Государственной независимости», «Государственная независимость является величайшем благом (Речь Президента Республики Таджикистана Эмомали Рахмона на торжественном заседании по случаю 30-летия Государственной независимости, 08.09.2021 года, Душанбе.)», «30 лет созидания и развития – наша национальная гордость!»- ро  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нашр намудааст.

Инчунин матолиби дигари ин шумора: «Душанбинский саммит станет важным историческим событием», «За 15 лет республика приняла 15 тысяч беженцев из Афганистана», «Таджикистан идет вперед, а недоброжелатели кусают локти», «Гимн  ШОС впервые прозвучить в Душанбе»  мебошанд.

«Минбари халқ» —  нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №37 (1331), чоршанбе, 15 сентябри соли 2021  дар саҳифаҳои аввал мавод оид ба тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва роҳпаймоии ҷашнӣ  нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «Ҳизби ҳамқадами замон», «Афғонистон дар меҳвари нишастҳои СААД ва СҲШ», «Абармарди дунёи сиёсат», «Занон дар даврони истиқлол», «Эй СММ: садои афғондухтари мазлумро шунидаӣ?», «Толибон ҳеҷ гоҳ хуб намешаванд» ва дигар матолиби хонданӣ рӯи чоп омадаанд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment