19 сентябр ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мавзеи сайёҳии «Ҳафткӯл» барои дарёфти ҷоизаи раиси шаҳри Панҷакент ниммарафони ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар мусобиқаи мазкур дар баробари давандаҳои Тоҷикистон намояндагон аз Афғонистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина ширкат намуданд. Дар маросими ифтитоҳи ниммарафон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров иштирок карданд.
Беш аз 60 нафар иштирокчии ниммарафон дар масири аз кули якум то кӯли ҳафтум масофаи 21,7 км-ро тай намуданд. Миёни мардон се ҷои аввалро намояндагони шаҳри Душанбе гирифтанд. Самариддин Азимов масофаи муайяншударо дар муддати 1 соату 30 дақиқа тай намуда, ҷои аввалро соҳиб шуд. Ҷои дуюм насиби Меҳрубон Шамсиддинов (1:33) ва ҷои сеюм насиби Аъзамҷон Давлатов (1:34) гардид.
Миёни бонувон Маҳина Баротова (2:22) аз шаҳри Турсунзода аввалин шуда, ба марра расид. Душанбегиҳо Ҷонона Мирзоева ҷои дуюм ва Саодат Яҳёева ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Миёни мардон ба ғолиби мусобиқа 500 доллари ИМА, ба барандаи ҷои дуюм 300 доллар ва ба барандаи ҷои сеюм 200 доллари ИМА тақдим карда шуд.
Ба Маҳина Баротова 200 доллари ИМА ҷоизапулӣ дода шуд.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои раиси шаҳри Панҷакент қадрдонӣ гардиданд.