Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоишдоир шуд

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоишдоир шуд

Бахшида баРӯзи байналмилалии мусиқӣ имрӯз бо ибтикори раёсати  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар театри таълимии донишкада ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур мувофиқи нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуда, дар он асарҳои композиторони классику муосир  садо доданд. Инчунин донишҷӯён  маҳорати навозандагиву сарояндагии  худро нишон доданд.

Мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии донишкада Саидмаҳмуд Саидҳомидов дар мавзӯи «Назария ва  таърихи мусиқии тоҷик» сухан кард, иброз дошт, ки мусиқиро ба тавлидгари тахайюлот ва моли эҳсоси насли одамӣ нисбат диҳем, хато намекунем.

«Забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад буда, ба тарҷумон ниёз надорад. Он аз дил бархоста, ба дил менишинад. Пас, забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури мо маъниеро сабт мекунад»,- афзуд  мавсуф.

Ба зикри С. Саидҳомидов ,ҳар як сози мусиқӣ ба худ таърихи пайдоиш, садо ва навои хос дорад. Савту сози мусиқӣ низ чун дигар дастовардҳои инсонӣ бо мурури замон ва гузашти айём пайдо шудаанду сайқал ёфтаанд. Аҳамияти санъати мусиқӣ дар баробари дигар навъи санъати бадеӣ дар тарбияи насли наврас калон аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат аҳамияти бештар дода мешавад ва ошноӣ пайдо кардани кӯдакон, наврасону ҷавонон бо санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад.

АКС аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Пештара
Баъди

Leave A Comment