Дастовардхо ва фаъолияти КДПТ дар даврони Истиклолият
Дар даврони истиқлолият бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи китобдорӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
Таҳияву тасвиби санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ, татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат, роҳандозии нашри силсилаи китобҳо таҳти унвонҳои «Ахтарони адаб», «Китобхонаи мактаб», таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи китоб»- 4 сентябр, баргузории намоишгоҳи байналмилалии Китоби Душанбе, озмуну фестивалҳо, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон», сохта ба истифода дода шудани даҳҳо биноҳои наву замонавии китобхонаҳо ва ифтитоҳи мағозаҳои фурӯши китоб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шуданд. Бахуссус, зери сарпарастии бевоситаи Роҳбари давлат ҳамасола дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ба зинаи сифатан нав ворид шудани анъанаҳои наҷиби китобхониву китобдории миллӣ такони бузург бахшид ва аҳли ҷомеаро водор сохт, ки ҳарчи беҳтару бештар дар раванди донишандӯзӣ ва мутолиаи китоб саҳм гиранд. Воқеан Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои тақвияти завқу шавқи китобхонии хонандагони синнусоли мухталиф ҳамчун мактаби назарсанҷӣ ва муаррифии захираҳои зеҳнӣ хизмати шоистаро иҷро мекунад.
Дар ташкил ва баргузории Озмуни мазкур китобдорон низ муваззаф шуданд, ки сатҳу сифати хизматрасониро бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ беҳтар намуда, барои дарёфту тавсияи китобҳо ба хонандагон шароитҳои заруриро фароҳам оваранд. Албатта саҳми муносиб гузоштан дар баргузории чунин чорабиниҳо такмили сатҳи дониши тахассусии кормандони китобхонаҳоро тақозо мекунад. Дар ин робита доир намудани конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва семинар-тренингҳои омӯзишӣ аҳамияти калон дошта, ба китобдорон имкон медиҳад, ки аз дастовардҳои навини илмии соҳа бархӯрдор шаванд.
Қобили қайд аст, ки дар даврони истиқлол яке аз заминаҳои асосии пешбурди фаъолияти Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ин ворид гардидан ба ҷаҳони муосири технологияҳои компютерӣ буд. Соли 2000 аз ҷониби шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон ба Китобхона бо тариқи ройгон барномаи Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷӯйии «Ирбис» туҳфа карда шуд, ки он замон ин барнома ҳамагӣ дар як адад компютери китобхона насб карда шуда буд. Аз соли 1998 то ба имрӯз Китобхона бо дастгирии Муассис ва аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ теъдоди компютерҳоро ба 50 адад расонид. Аз соли 2000 то ба имрӯз хазинаи ММ ва Ҷ «Ирбис» бо беш аз 278 ҳазор тавсифи китобшиносӣ пурра гардонида шуд ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод гардид. Дар Китобхона корҳои марбут ба автоматисозии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ тибқи нақша роҳандозӣ шудааст. Айни замон Китобхона ба Шабакаи патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» www.eapatis.com, пайваст мебошад, ки хазинаи шабакаи мазкур зиёда аз 85 млн. нусха ҳуҷҷатҳои патентиро ташкил медиҳад.
Соли 2020 сомонаи интернетии Китобхона www.kdpt.tj маротибаи сеюм азнавсозӣ карда шуд ва дар саҳифаҳои он пайваста иттилооти нав оид ба махзан ва фаъолияти гуногунпаҳлуи он пешниҳод мегардад.
Яке аз сабабҳои зиёд гардидани истифодабарандагони сомонаи Китобхона, ин пеш аз ҳама ҳамарӯза ворид намудани иттилоот ба сомона мебошад. Ҷиҳати иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ва «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» дар сомонаи Китобхона гӯшаи «Патентҳо» ташкил карда шуд, ки дар он номгӯй ва тавсифи мухтасари ихтироотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҳуҷҷати ҳифозатии «Нахустпатент» ва «Патент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ дода шудааст, пешниҳод мегардад.
Аз соли 2012 то ба имрӯз кормандони Китобхона ба як қатор китобхонаҳои низоми марказонидашудаи ноҳияҳои Данғара, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ёвон, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритус, Файзобод, шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Турсунзода, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон (ш.Қурғонтеппа), Тошхӯҷа Асирии вилояти Суғд (ш. Хуҷанд), Садриддин Айнии вилояти Хатлон (ш. Кӯлоб) сафари хизматӣ анҷом дода, доир ба фаъолияти Китобхона маълумот доданд ва созишномаҳо чиҳати ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Мутахасисони китобхона дар равияи кори худ ба ихтироъкорон, навоварон, кормандони соҳаи илм, аспирантҳо кӯмаки худро дар ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои патентию-иттилоотӣ дареғ намедоранд. Ба онҳо тарзи омода намудани баённомаи ихтироъ барои гирифтани патент ва нахустпатент, доир ба ҳимоя ва ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ маслиҳатҳо медиҳанд, ки аз ин кор ихтироъкорону навоварон миннатдории бепоёни худро ба маъмурияту кормандон изҳор менамоянд.
Барои тарғиби кори китобдориву китобхонашиносӣ ва ҷалб намудани хонандагон ба китобхона, ҷалб намудан ба ихтироъкориву навоварӣ дар байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар бо ташаббуси шуъбаи маркетинг ҳамасола силсилаи намоишгоҳҳо дар китобхона гузаронида шуда, ҳамчунон донишҷӯён бо роҳбарии устодони хеш фориғ аз дарс аз китобхона ва шароити он дидан менамоянд. Хушбахтона, давоми ҳашт соли охир Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бо сарпарастии бевоситаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ таҳти унвони «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» гузаронида мешаванд, ки дар баланд бардоштани мақоми касбии китобдорон ва нуфузи маърифатии китобхонаҳо мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, соли 2013 китобхона таҳти унвони «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа», соли 2014 “Ташкили маъхазҳои электронӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон”, соли 2015 “«Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа», соли 2015 маҷҷалаи ҷашнӣ бахшида 50-солагии КДПТ, соли 2016 «Раванди ҷаҳонишавии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 «Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир», соли 2018 «Нақши китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир», соли 2019 «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон» ва соли 2021 “Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ”-ро ташкил ва баргузор намуд. Маводи конфронсҳо бошад пурра дар шакли китоб чоп гардида, ба кулли иштирокчиён тақдим карда шудааст.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин конференсияҳо, қабл аз ҳама, ба роҳ мондани мубодилаи афкор байни коршиносони соҳа ва китобдорон перомуни вазъи воқеии фаъолияти китобхонаҳо, воридшавии китобхонаҳо ба ҷаҳони муосири техникаю технология, ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории сарватҳои иттилоотӣ, татбиқи низоми автоматикунонӣ дар раванди фаъолияти китобхонаҳо, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, расонидани кӯмакҳои методию амалӣ ба китобдорон, пуррагардонии хазинаи китобхонаҳо, ҳавасмандгардонии кормандони соҳа, ҷалб намудани насли наврас ба китобхонӣ ва қонеъ намудани талаботи ҷомеаи муосир бо иттилооти фавриву зарурӣ мебошад.
Воқеан, имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ соҳаи китобу китобдорӣ дар баробари дигар соҳҳаҳо рушд намуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон воқеан ҳам китобхон, китобдӯст ва соҳибфарҳанг буданд ва мемонанд.
Дар ин замина мо кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дастуру ҳидоятҳоеро, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат дар самти китобдорӣ бармеоянд, ҷонибдорӣ намуда, онро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзандаи худро мегузорем.
- Бутаева Г.
- Мудири шуъбаи
- маркетинг ва рушди
- КДПТ