Муаррифӣ: Кароматуллоҳи Мирзо «Зиндагӣ ҳам нафасе» Карим Мӯсо «Ҷабри таърих»

Муаррифӣ: Кароматуллоҳи Мирзо «Зиндагӣ ҳам нафасе»         

Китоби нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо, ки дар он як силсила қисса, ҳикоя ва хотираҳои ӯ манзури хонанда гаштаанд, «Зиндагӣ ҳам нафасе»  номида шудааст. Дар чанд боби китоб аз рӯзгори адибоне чун Лоиқ, Убайд Раҷаб, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳабибулло Назаров, Аълохон Афсаҳзод, Баҳром Фирӯз, Изатулло Ҳусайнӣ  ҳикояҳои ҷолиб оварда шудаанд.

Карим Мӯсо «Ҷабри таърих»

«Ҷабри таърих» қиссаи мустанади таърихист, ки аз рӯзгори нависандаи муқтадири тоҷик шодравон Ҷумъа Одина ҳикоя менамояд.Муаллиф дар тасвири фоҷиаи мазкур муваффақ ва комёб гардидааст. Китоб ба доираи васеи хонандагон пешкаш карда мешавад.

Агар  шумо бо муҳтавои асарҳои мазкур  аз наздик шинос шудан хоҳед, пас онро аз фонди адабиётҳои бадеии  Китобхонаи давлатии патентию техникӣ  дастрас карда метавонед!

Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона

Пештара
Баъди

Leave A Comment