Даври муқаддамотии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ ба анҷом расид ва имрӯз рақобат барои «Шоҳҷоиза» ҷараён дорад, гузориш медиҳад аз ҷараёни озмун хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тибқи низомнома, нафароне, ки дар номинаи худ мақоми аввалро мегиранд, ҳаққи рақобат барои «Шоҳҷоиза» доранд. Дар ин давр 5 нафар хуштолеъҳо, аз ҷумла Муқаддам Абдуллоева, соҳибхоназан аз рӯи номинаи адабиёти муосир, Муҳиба Асоева, китобдори Китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ аз номинаи адабиёти классикӣ, Исрофил Маҳмудзода, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллӣ аз номинаи адабиёти муосир, Гулҷон Наҷмиддинова, хонандаи синфи 10-и шаҳри Панҷакент аз номинаи адабиёти муосир ва София Ширинова, хонандаи синфи 8-ум аз шаҳри Роғун аз номинаи адабиёти бачагона иштирок намуданд.
Муқаддам Абдуллоева ҳангоми суҳбат бо мо гуфт, ки соли дуввум аст дар озмун иштирок мекунад ва ин бор ба касби ҷойи аввал аз рӯи номинаи адабиёти муосир муваффақ гардид. Муқаддам Абдуллоева сокини деҳаи Искичи ҷамоати Хонақоҳи кӯҳии шаҳри Ҳисор буда, хонашин ва ба боғдорӣ машғул аст. Ӯ гуфт, талош мекунад, то фарзандону набераҳояшро ба китобу китобхонӣ ҷалб намояд.
«Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд»,- бо ҳамин шоҳбайти Саъдӣ бо мо суҳбат оғоз кард иштирокчии даври «Шоҳҷоиза»-и озмун Муҳиба Асоева, ки дар номинаи адабиёти классикӣ мақоми аввалро гирифтааст. Ӯ мегӯяд, соли сеюм аст, ки дар озмун ширкат дорад, вале имсол тавонист ба мақсади худ расад. Муҳиба изҳор дошт, ки се соли иштирок дар озмун аз манфиат холӣ набуд ва сол то сол донишашро мукаммал намуд.
Муҳиба Асоева чанд сол пеш ба ҳайси хабарнигори Радиои «FM Ховар»-и АМИТ «Ховар» фаълият дошт ва айни замон китобдори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ мебошад.
Хонандаи синфи 10-и шаҳри Панҷакент Гулҷон Наҷмиддинова иштирокчии дигари даври «Шоҳҷоиза» мебошад. Ӯ дар озмун дар номинаи адабиёти муосир дар бахши хонандагони мактабҳои миёна мақоми аввалро касб карда, барои «Шоҳҷоиза» омодагӣ гирифтааст. Гулҷон аз рӯи номинаи ширкат кардааш 120 асари насрӣ, 140 ғазал, 150 рубоӣ ва дубайтӣ, 1000 байт аз достон, 10 асари ёддоштӣ, 30 роман, 40 повест ва ғайраро аз бар намудааст. Мавсуф изҳор дошт, ки агар раваду «Шоҳҷоиза»-ро ба даст орад, дар боз намудани хона-музеи бобояш, шоири халқӣ Наҷмиддин Шамсиддин саҳм
Хонандаи синфи 8-ум аз шаҳри Роғун София Ширинова низ аз иштирокчиёни даври «Шоҳҷоиза» буд. Ӯ иброз дошт, ки ҳарчанд дар ин давр ҳакамон аз рӯи чор номина мепурсанд, вале ӯ аз рӯи панҷ номина омодагӣ дидааст. Беш аз 400 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 ғазал, 30 ҳазор мисраи шеърӣ, 15 ҳазор байт, 800 афсона, 500 ҳикоя ва зиёда аз 100 асари бадеиро мутолиа намудааст.
Донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исрофил Маҳмудзода панҷумин иштирокчии даври «Шоҳҷоиза» аст.
Бояд гуфт, ки имсол дар озмун дар номинаҳо иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим шудаанд.
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имсол 2 декабр оғоз шуда, имрӯз, 13 декабр ба анҷом расид. Интизор меравад, ки 15 декабр ғолибонро аз рӯйи панҷ номина тавассути барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ эълон ва бо ҷоизаҳои кумитаи тодурукот қадрдонӣ намоянд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»