20 декабр ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода зимни машварати ректорат ба донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ, ки ғолиби даври II озмуни «Чун афсона бигӯ ва ҳам бо қалам тасвир кун» дар Олимпиадаи умумирусиягии фосилавии донишҷӯён (бо иштироки байналмилалӣ) «Педагогика: амалияи самараноки таълим» гардиданд, диплом ва сертификатҳо тақдим намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ.
Миёни 57 даста аз 35 донишгоҳи Федератсияи Русия ва кишварҳои ИДМ (Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) гурӯҳи ДДХ аз уҳдаи тамоми супоришҳои озмунӣ бомуваффақият баромада, дар Олимпиадаи умумирусиягӣ ҷои 3-юмро ишғол намуд. Ба ҳайати гурӯҳ донишҷӯёни факултети хориҷии ДДХ: Марҳабо Амирбекова, Соҳиба Раҳмонбекова, Саидаҳрор Ҳамидов, Марзия Шакарбекова ва Ниёзбегим Юсуфбекова шомил буданд.
Супоришҳои озмунии олимпиада аз рӯнамои мултимедиявии гурӯҳҳо дар мавзӯи олимпиада, иншо-эссе дар мавзӯъҳои «Нақши муаллим дар ташаккули коллективи бачагона», «Таҳлили педагогии наворҳои бадеӣ», озмуни «Чун афсона бигӯ ва ҳам бо қалам тасвир кун», таҳлили вазъи педагогиву иқтидори тарбиявии афсонаи халқии русии «Маша ва хирс» ва озмуни видеоии «Шакл ва усулҳои интерактивӣ дар амалияи таълимӣ» иборат буд, ки донишҷӯёни тоҷик аз уҳдаи он ба хубӣ баромаданд.
Зимни машварат профессор Гулзорхон Юсуфзода ва устодони ДДХ барои иштироки фаъолона дар омодагӣ ва гузаронидани олимпиадаи умумирусиягӣ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКСҲО: ДДХ