Дар партави Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ-тақозои замон» ҷамъбасти Ҳафтаи забонҳои Аврупо дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар доданд аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ректори донишкада Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки мутахассисони забондони ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир омода намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».
Ҳамоишро донишҷӯён бо забони тоҷикӣ оғоз карда, бо забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ, ки дар факулта омӯзонида мешаванд, идома доданд.
Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни факултаи забонҳои Аврупо бо чор забон- тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ бо маҳорату истеъдоди волои худ, хондани шеърҳо, рақсҳои тоҷикиву аврупоӣ, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро шод намуданд.
Дар хатми ҳамоиш як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли факулта бо сипосномаи раёсати донишкада қадрдонӣ гардиданд.