ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ИДОРАИ ПАТЕНТИИ АВРУОСИЁӢ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ИДОРАИ ПАТЕНТИИ АВРУОСИЁӢ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 27-28 июни соли 2022 Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ (ИПАО) Ивлиев Григорий Петрович бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар доираи ташриф Ивлиев Григорий Петрович бо муовини якуми Сарвазир муҳтарам Давлаталӣ Саид, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой вохӯрӣ намуданд.

28 июни соли 2022 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии якҷояи Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек ва  ҳайати кормандон бо Президенти ИПАО Ивлиев Григорий Петрович сурат гирифт.

Дар ҷараёни маросими вохӯрии дастаҷамъонаи роҳбарият ва кормандони Муассиса бо ҳайати расмии Идораи патентии Авруосиёӣ таҳти роҳбарии Ивлиев Григорий Петрович масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Тарафайн ҳамчунин ба таври муфассал оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин рушди соҳаи моликияти саноатӣ бо назардошти таъсири  низоъҳои беруна табодули андеша намуданд.

Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек аз ташрифи Ивлиев Григорий Петрович ба Муассиса изҳори сипос намуда, аз ҳамкориҳои судманди муштарак ибрози андеша намуданд.

Дар навбати худ Президенти ИПАО Ивлиев Григорий Петрович ба Директори Муассиса барои даъват ҷиҳати ташриф овардан ба Муассиса, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмуи муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар доираи чорабинӣ Ивлиев Григорий Петрович барои хизматҳои шоиста дар рушду нумуи соҳа ва тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши тарафайн бо “Нишони фахрӣ”-и Муассиса давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурити Тоҷикистон аз ҷониби Директори Муассиса сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ маросими ҷоизасупории ихтироъкори тоҷик Бобокалонов Диловар Озарович, ки дар Универсиадаи патентии авруосиёӣ аз рӯи номинатсияи «Ихтироъ барои саломатӣ: Роҳҳои ҳал дар самти ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим» сазовори ҷои аввал гардида буд, бо медали тилло ва мукофотпулӣ аз ҷониби Президенти Идораи патентии авруосиёӣ баргузор гардид.

Пештара
Баъди

Leave A Comment