Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Китоби аллома Б.Ғафуров «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав» фарогири давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик буда, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агар хоҳед, ки бо муҳтавои китоби мазкур аз наздик шинос шавед, пас онро аз «Гӯшаи адабиёти бадеи»-и Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дастрас карда метавонед.