Имрӯз 8-уми сентябри соли 2022, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ директори Муассиса, муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек кушода, ҷиҳати дастовардҳои ҷумҳурӣ ва МД ММПИ тайи Истиқлолияти давлатӣ истода гузашт. Сипас, кормандони собиқадор Холиқов Т.Х, Чумъагул Назарова, М. Сидиқов ва чанде дигарон ба сухан баромада, оид ба 31-соли Истиқлолият ибрози назар намуданд. Дар охир ба шарафи ин иди бузург ба кормандони фаъоли Муассиса ва Китобхонаи давлатии патенту иттилоот мукофотҳои таъсиснамудаи МД ММПИ супорида шуд.
Ҷамъомад дар руҳияи баланди хештаншиносӣ ва ифтихор аз истиқлолияти давлатии кишвар, дилкаш ва хотирмон доир гардид.
М. Сидиқов-муовини директории КДПТ МД ММПИ