БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲҚИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲҚИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

15 ноябри соли равон Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Муассиса Мизи мудаввар дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардониданд. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Шоҳмансур Наботов Шукрулло низ иштирок намуд.

Дар ибтидои ҷаласа нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуда, сипас Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо бо Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебонисо ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди кишварро ба ин Рӯзи муқаддас ва тақдирсози кишвар табрик намуданд.

Дар навбати худ Исмоилзода Мирзо қайд карданд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бе ҳамто аст ва маҳз бо шарофати он имрӯз мо тоҷикон ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Чи хеле, ки дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, “…Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ – баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд… ”

Дар ҳақиқат Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ як санаи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлоли давлатии Тоҷикистоноро ҳалу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амали намудани ислоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Инчунин дар рафти ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Шоҳмансур Наботов Шукрулло, муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода Муродҷон, судяҳо ва  кормандони муассиса бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

Дар фарҷом, башхида ба 30-мин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яқ қатор кормандони суд ва муассиса барои корҳои шоиста дар рушди соҳаи фаъолияташон бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment