Содиқи Завқӣ
Соҳили умед. Маҷмӯаи шеърҳо.-Душанбе, Адиб.- 2022 сол
Шоири ширинкалом Содиқи Завқӣ китоби нави худро бо номи «Соҳили умед» пешкаши дӯстдорони назм гардонидааст, ки он аз боби ишқи пок, садоқат ба Ватан, ёру дӯст ва дигар хислатҳои накӯи инсонӣ ҳикоят карда, хонандаро ба дӯст доштани Ватан, Модар, Падар ва сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Шарифи Мисайзод
Аввалу охири ишқ. Маҷмуаи шеърҳо.-Душанбе, Адиб.- 2022 сол
«Аввалу охири ишқ» меҳрнома, гувоҳномаи сидқу вафо, меҳру вафои Шарифи Мисайзод бар хонанда ва шунавандааш аст, ки як умр якоякро дӯст медошт. Дар китоб ҳамзамон хотироти ҳамкорон дар бораи устод Мисайзод замм шудаанд, ки чеҳраи ӯро мекушоянд.
Даниел Дефо
Робинзон Крузо.(Барои наврасон ва ҷавонон).-Душанбе: «Адабиёти бачагона»,2022 сол
Ин китоб зиёда аз дусад сол муқаддам аз ҷониби нависандаи англис Даниел Дефо навишта шуда бошад ҳам то ба имруз дар байни ҳаводорони асарҳои хориҷӣ муваффақияти худро гум накардааст. Дӯстдорони саргузаштҳои аҷоиб метавонанд китоби мазкурро аз хазинаи адабиётҳои бадеии КДПТ дастрас намоянд.
Мирзо Содиқ
Сел. Ҳасрати чанори пир. Душанбе. “Адабиёти бачагона”, 2020 сол
Қиссаҳои нави Мирзо Содиқ, ки дар даст доред, аз ҳаёт, зиндагӣ ва мубориза барои ҷомеаи солим ба хонанда ҳикоят мекунанд. Муаллиф воқаву рӯйдодҳоеро пешкаши хонанда мегардонад, ки аксаран худ шоҳид аст ва оғозу анҷоми онҳоро ба чашми хеш дидааст.
Боварӣ дорем, ки китоби мазкур писанди шумо, хонандаи азиз мегардад.
Умед аст,ки хонанда ба дунёи рангини қаҳрамонони нависанда шинос шуда, барои худ дарсе, ибрате мегирад.
Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона