Рӯзи 4-уми сентябри соли 2023 дар Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бахшида ба Рӯзи китоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро муовини директори КДПТ- Сиддиқов Муродалӣ оғоз карда, иштирокчиёнро ба ин санаи хотирмон табрик намуда, қайд намуданд, ки дар КДПТ барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илм, таъмини дастрасии хонандагон ва донишҷӯёни кишвар ба китоб, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар КДПТ, тавсеаи имконият ва фароҳам овардани шароити арзанда тамоми тадбирҳо андешида мешавад.
Инчунин, зикр гардид, ки дар тарғибу ҳадафҳои ғоявӣ сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар радифи васоити ахбори омма муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхона низ аз минбари муҳим маҳсуб меёбад. Китобхонаҳо дар масири таърих мақоми сазовореро касб намуда, ба ҳазорҳо эҳтиёҷмандон содиқона ёрии беғаразона расонида, дар рушди бемайлони ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим гузоштаанд. Шахсиятҳои шинохтаи замон ба ҳайси Китобдор интихоб гашта, китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.
Китобхонаҳои имрӯза аз китобхонаҳои қарнҳои гузашта бо хусусиятҳои хоси худ, хадамотҳо ва таҷҳизоту технологияҳои муосир фарқ мекунанд. Барои китобдор шудан имрӯз танҳо соҳибсавод ва ё олими ин ё он риштаи илм будан кифоя намекунад. Китобдори имрӯзаро мебояд аз равандҳои гуногуни омода ва пахши иттилоот бо тамоми шаклу намудҳои хос баҳравар бошад, фаъолияти хадамотҳои маълумотӣ, библиографӣ ва иттилоотиро ба роҳ монда тавонад, бо таснифотҳои библиографии аснод ошноӣ дошта, аз ҷараёнҳои коркард, ҷобаҷокунӣ, таснифот, гурӯҳбандӣ, ҳифзу нигоҳдории мавод бохабар бошад. Ба осонӣ аз захираҳои анъанавӣ, электронӣ ва маҷозии ҷаҳонӣ истифода намуда тавонад, бо барномаҳои махсуси китобдорӣ (IRBIS, ALEF ва ғайра) ошно бошад, ба эҳтиёҷмандон маълумоти саҳеҳ ва пурра расонида, аз уҳдаи тафриқнамоӣ ва таъмини эҳтиёҷоти иттилоотии хонандагон барояд.
Кормандон Назарова Дилбар, Сафарова Шаҳло, Сафиев Мустафо ва дигарон сухан карда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад як қатор кормандони китобхона барои саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи китобдорӣ бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.