Санаи 15 июн бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари Ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Кор бо ЕАПАТИС ҳангоми гузаронидани Ҷустуҷӯи патентию иттилоотӣ» баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкурро муовини директори МД ММПИ – Раҷабзода Парвиз ифтитоҳ намуда, барои иштирок дар кори семинар ба ҳозирин барору комёбӣ хост.
Дар семинар намояндагони муассисаҳои ҷумҳурӣ, ки китобхонаҳояшон бо Низоми патентӣ-иттилоотии авруосиёгӣ (ЕАПАТИС) пайваст аст ва ҳамзамон як қатор ихтироъкорон ширкат намуданд, ки дар раванди он мутахассисони Муассиса ба иштирокчиён таритиби кор бо низоми номбаршударо тариқи амалӣ нишон доданд.
Қайд кардан зарур аст, низоми Низоми патентӣ-иттилоотии авруосиёгӣ (Евразийская патентно-информационная система – ЕАПАТИС) айни замон 87 миллион ҳуҷҷати патентиро оиди ихтирооти ҷаҳонӣ дар бар гирифта аз ҷониби Идораи патентии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ бо мақсади баландбардории самаранокӣ ва сифати гузаронидани ҷустуҷуҳои патентӣ ва таъмини иттилоотӣ-патентӣ экспертизаҳои аризаҳо барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ, таҳлили тақдири ояндаи ихтироъҳои коркардшаванда коркард шудааст.
Тибқи созишномаҳои тарафайн байни Ташкилоти патентии авруосиёгӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон ба ин низоми ҷустуҷӯӣ- иттилоотӣ дар қатори Муассиса, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб пайваст буда аз дастрасии иттилооти он ройгон истифода менамоянд.
Дастрасӣ ба саҳифаи ЕАПАТИС ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯи патентӣ ба навоварон ва ихтироъкорони кишвар дар татбиқи ихтирооти ватанӣ ба ноилшавии ҳадафҳои стратегӣ -«Саноатикунонии босуръат» ва ҳамзамон «Алоқамандии илм ба истеҳсолот» мусоидат менамояд.