Санаи 1-уми феврали соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои Миллат ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд. Бо сухани муқаддимавӣ Директори Муассиса, муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ӽайдарбек ҷаласаро оғоз намуд. Мазкур қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 28-декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», тамоми ҷанбаӽои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарӽангии ӽаёти ҷомеаро тайи як сол бо таӽрирӽои амиқ дар бар гирифта, дастури роӽнамоест барои соли 2024 ва солӽои минбаъдаи мардуми Тоҷикистон.
Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршкда аз он далолат менамояд, ки Роҳбари давлат аз вазъи воқеии аӽолии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки ба зиндагии босаодати мардум алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.