Таҷлили Рӯзи Модар

7-уми марти соли 2024, дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти муассиса ва кормандон бахшида ба Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар саросари кишвар санаи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Директори муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо чорабиниро ифтитоҳ намуда, кулли занон ва бонувони муассиса ва дар симои онӽо тамоми бонувони кишварро бо ин ҷашни фархунда – Рӯзи модар табрику таҳният намуданд.

Баён карда шуд, ки хеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли мамлакат иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар- ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Инчунин дар доираи чорабинии тантанавӣ шеъру суханҳо дар васфи Модар аз ҷониби кормандони муассиса қироат карда шуд.

Дар фарҷом, бахшида ба ин рӯзи фархунда, як қатор бонувони шоистаи муассиса барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи соҳаи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Нишони фахри»-и МД ММПИ ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

Бахшида ба ин ҷашни бузург барои бонувон дастархони идона густурда, ӽаваскорони санъат аз маӽфили «Сайқали зеӽн»-и Муассиса, бо барномаи фароғатӣ хотири ӽозиринро  шод ва чорабиниро хотирмон гардонд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment