Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чорабинии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону чавонони шаҳри Душанбе” таҳти шиори “Душанбе – шаҳри ҳушманд” аз 20 то 24 майи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ дар Маркази ЭКСПО-и муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода Раҳим, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва доираи васеи омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Тоҳир Халилович – директори КДПТ-и МД ММПИ ширкат намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар чорабиниро кушода, қайд карданд, ки он бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологиия муосир, бедор намудани завқи хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ, боло бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Илова ба ин, дар чорабинӣ идораву ташкилотҳо номгӯйи лоиҳаву маҳсулоти эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Қайд намудан зарур аст, ки баргузории чунин намоишгоҳ омили муҳими бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки чунин чорабинӣ таваҷҷуҳи насли наврас ва завқмандони технологияҳои иттилоотиро ба худ ҷалб намуда, ба раванди ихтироъкориву навоварӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ таъсири беандоза мерасонад.