Мизи мудаввар дар мавзуи «Фаъолгардонии хонандагон тавассути чорабиниҳои китобхонавӣ»

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Мизи мудаввар дар мавзуи «Фаъолгардонии хонандагон тавассути чорабиниҳои китобхонавӣ»

Санаи 24-уми майи соли 2024 бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Муассиса мизи мудаввар дар мавзӯи «Фаъолгардонии хонандагон тавассути чорабиниҳои китобхонавӣ» баргузор карда шуд.

Чорабиниро директори Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ Холиқов Т. Х. оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳадафи он дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми китоб ва нуфузи китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир, инчунин муайяну мушаххас намудани афзалиятҳои фаъолияти китобдорӣ дар раванди ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ, фаъолияти китобхонаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби соҳаи китобдорӣ ва раванди пешбурди технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти китобдорӣ мебошад.

Дар кори мизи мудаввар муовини Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Комилзода С., намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мудирони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳои ҷумҳурӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки баҳсу мунозираҳо дар ин мизи мудаввар асосан мавзуи ҷалби бештари хонандагон ба китобхона, баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо, ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз манобеи электронӣ, афзунгардонӣ ва дар доираи имкониятҳо ба шакли рақамӣ гардонидани адабиётҳо ва дигар маводҳои илмӣ, роҳандозии васеътари чорабиниҳои ҳавасмандӣ, ҳамзамон ҳамкории зичи сохторҳои соҳаҳоро фаро гирифт.

Дар раванди чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён – мутахассисони соҳа мушкилотҳои дигари самти китобдорӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли онҳо масъалаҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Пешниҳодҳо ба унвонии мақомоти дахлдор ирсол карда мешаванд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment