Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» ҷамъбаст гардид,
Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, имсол маротибаи панҷум аст, ки доир мегардад.
Дар номинатсияи «Китобдори сол» ҷойи якум ба муовини директори Китобхонаи марказии шаҳри Норак Раҷабмоҳ Пирова, ҷойи дуюм ба муовини директори Китобхона шаҳрии шаҳри Ваҳдат Қурбоной Ғоибова ва ҷойи сеюм ба саркитобдори филиали № 4-и шаҳри Кӯлоб Шаҳрбону Одинаева сазовор дониста шуд.
Дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» ҷойи якум ба Китобхонаи шахсии Амир Сайиди Мункии «Ганҷи мулк»-и ноҳияи Ховалинг ва ҷойи дуюм ба Китобхонаи шахсии ҷамъиятишудаи «Кошонаи Саъдӣ»-и шаҳри Истаравшан дода шуд.
Дар номинатсияи «Китобхонаи сол» ҷойи якум ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд, ҷойи дуюм ба Китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва ҷойи сеюм ба Китобхонаи бачагонаи Аминҷон Шукӯҳии вилояти Суғд дода шуд.
«Шоҳҷоиза»-и Озмунро декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф соҳиб гардид.
Дигар иштирокчиёни Озмун бо “Ҳафтгонаи беҳтарин китобхонаи сол, китобдори сол ва китобхонаи шахсии сол инчунин Ифтихорномаҳо”и – фахри сарфароз гардонида шуданд.
Мақсади асосии озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии мамлакат мебошад.