Форуми байналмилалии Тоҷикистон “Занҳои ихтироъкор – 2025”

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Форуми байналмилалии Тоҷикистон “Занҳои ихтироъкор – 2025”

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон вобаста ба рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон ироа намуданд, санаи 29 апрели соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии Тоҷикистон “Занҳои ихтироъкор – 2025” бахшида ба “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” (26 апрел) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин, Президенти Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё Ивлиев Григорий Петрович, Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат, Директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зехнии Федератсияи Россия Лопатин Владимир Николаевич, муовини Кумита оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳнии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон Сиротина Марина Николаевна, ноиби Президенти лигаи занони ихтироъкор ва соҳибкорони технологии Авруосиё, муовини раиси Лигаи занони Ҷамъияти ихтироъкорон ва ратсионализаторҳои умумирусиягӣ Крупелнитская Инга Эдуардовна, инчунин мутахасисону ихтироъкорони хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии Форум ин мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ ва ҳавасмандгардонии бонувону духтарпон занони ихтироъкори минтақаи Авруосиё, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди нерӯи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.

Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаласаи пленарӣ бо суханронии меҳмонони боломақом оғоз ёфта, сипас маросими қадрдонии занон ва ихтироъкорони фаъоли кишвар барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ доир гардид.

 Инчунин, тибқи барномаи форум, бахшҳо дар мавзӯъҳои “Нақши занон дар рушди инноватсия” ва “Вазифаи занон: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дурнамои рушд” доир карда шуда, иштирокчиён бо маърӯзаҳои соҳавии худ баромад намуда, оид ба масалаҳои ҷойдошта муҳокимаронӣ карда шуд.

Муфасал

Пештара
Баъди

Leave A Comment