25 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон, инчунин яқ қатор ихтироъкорони кишвар баргузор гардид.
Бояд қайд намуд ки имсол шиори Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ “Моликияти зеҳнӣ ва мусиқӣ. Назми моликияти зеҳниро эҳсос намо!”, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ эълон гардидааст.
Чорабиниро директори муассиса Мирзо Исмоилзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, кормандон, ихтироъкорон ва кулли эҷодкорони кишварро бо Рӯзи касбӣ табрику таҳният намуданд.
Қайд карданд, ки моликияти зеҳнӣ яке аз сарватҳои пурарзиштарини кишвар ва пояи муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин радиф, имрӯзҳо, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои мунтазами Пешвои миллат оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода бурда истодааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ дар кишвар ва муайян намудани механизми дастгирии минбаъдаи фаъолияи ихтироъкорию навоварӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №210 “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул шудааст, ки дар он тамоми тадбирҳо ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар кишвар зина ба зина пешбинӣ шудааст.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ, яқ қатор ихтироъкорони кишвар аз ҷониби директори муассиса Исмоилзода М. барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ дар кишвар бо “Нишони муассиса” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.