Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022»

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022»

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2022»-ро баргузор менамояд.

Озмун аз рӯи се номинатсия, «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, ба ғолибони Озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот  «Диплом»-ҳо, «Ифтихорнома»-ҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-прӣ» супорида мешавад.

Дар Озмун оид ба номинатсияи «Китобхонаи сол» китобхонаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳову вилоятҳо иштирок карда метавонанд. Дар номинатсияи «Китобдори сол» танҳо аз ҳар як китобхонаи ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо як нафар аз кормандони фаъоли китобхонаҳо иштирок карда метавонанд. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» аз ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Мақсади асосии озмун, баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Тибқи талаботи Озмун, ҳуҷҷатҳо аз санаи 20 июн то 20 октябри  соли 2022 аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмун қабул карда мешавад.

Иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳайати Ҳакамон, тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда  баҳогузорӣ карда мешаванд.

Натиҷаи озмун санаи 4 ноябри соли 2022, дар ш. Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»  ҷамъбаст гардида, ғолибони  Озмун эълон карда  мешавад.

Китобхонаҳо ва шахсоне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд тавассути почтаи электронии gptb.tj@mail.ru ё ин, ки бо телефонҳои 911006255, 930099203, 934199947 дар иртибот шаванд.

Т А Л А Б О Т Ҳ О

нисбат ба довталабони озмуни «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» чунин муқаррар  карда  мешаванд:

а) Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» маълумотҳои зерин тибқи Шакли №1 пешниҳод карда мешаванд:

– ному насаб;

– фаъолият ва касбу кор;

– собиқаи корӣ дар китобхона;

– иштирок дар конфронсу семинарҳо (номи конфронс, семинар ва санаи он);

– сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;

– номгӯи мақолаҳо ва маводҳои нашршуда (номи маҷалла ё ҳафтанома миқдори саҳифа ва соли нашр) аз ҷониби иштирокчии озмун;

– донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ;

– пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);

– суроға, телефонҳо ва почтаи электронӣ ва 1 дона сурати андозаи 3х4;

б) Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» маълумотҳои зерин тибқи Шакли №2  пешниҳод  карда мешаванд:

– номи пурраи китобхона;

– дар бораи фаъолияти китобхона;

– теъдоди хазина ва мавҷудияти китобҳои нодир (аз кадом солҳо китобхона адабиётҳоро доро мебошад ва бо кадом забонҳо);

– сарфароз гардонидани кормандони китобхона (аз он ҷумла китобхона) бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ (миқдор ва номгӯи мукофотҳо);

– ҳисоботи оморӣ оид ба шумораи кормандони китобхона аз рӯи маълумоти соҳаи китобдорӣ;

– миқдори компютерҳо ва технологияҳои замонавӣ дар китобхона;

– мавҷудияти дастрасии китобхона ба шабакаи Интернет;

– миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхона;

– миқдори ташриф овардани хонандагон ба китобхона (дар давоми сол);

– конфронс, семинар ва дигар чорабиниҳое, ки ҳамасола китобхона онро баргузор менамояд (номгӯй ва санаи баргузории онҳо);

– ҳамкории китобхона бо дигар китобхонаҳо (дохилӣ ва хориҷӣ);

– теъдоди пуррагардонии хазина дар давоми сол (нусха);

– пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);

– суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ (агар бошад)

в) Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» тибқи Шакли №3 маълумотҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– номи пурраи китобхона;

– дар бораи фаъолияти китобхона;

– теъдоди хазина ва мавҷудияти китобҳои нодир (аз кадом солҳо китобхона адабиётҳоро доро мебошад ва бо кадом забонҳо);

– сарфароз гардонидани дорандаи китобхона (аз он ҷумла китобхонаи шахсӣ) бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ (миқдор ва номгӯи мукофотҳо);

– миқдори компютерҳо ва технологияҳои замонавӣ дар китобхонаи шахсӣ;

– мавҷудияти дастрасии китобхонаи шахсӣ ба шабакаи Интернет;

– миқдори адабиётҳои электронӣ дар китобхонаи шахсӣ;

– миқдори истифодабарандагон дар китобхонаи шахсӣ (дар давоми сол);

– ҳамкории дорандаи китобхонаи шахсӣ бо дигар китобхонаҳо (дохилӣ ва хориҷӣ);

– теъдоди пуррагардонии хазина дар давоми сол (нусха);

– пешниҳодҳо оид ба методҳои нави инноватсионӣ вобаста ба пешбурд ва рушди соҳаи китобдорӣ (ихтиёрӣ);

– суроғаи ҳуқуқӣ, телефонҳо, почтаи электронӣ ва сомонаи Интернетӣ (агар бошад).

Пештара
Баъди

Leave A Comment