Рушди созмондиҳии фаъолияти хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ

  • АСОСӢ
  • МАҚОЛАҲО
  • Рушди созмондиҳии фаъолияти хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ

Гулнора Тоировна

Директори Китобхонаи давлатии патентию техникии

Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» – Ин суханони пандомез аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қалам дода шудаанд. Солҳои охир таҳти  раҳнамоии бохирадонаи Сарвари давлат, соҳаи фарҳанг бахуссус соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва азизамон   босуръат пеш рафт. Ҳамасола иштирок ва ташкили рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баръакси он ба роҳ монда шуда, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаи дӯстии аҳли фарҳангу санъат роҳандозӣ карда шудааст. Омӯхтани таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои дигар мамлакатҳо дар ин самт барои кормандони китобхонаҳои кишварамон хеле муҳим аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар соҳаҳои иқтисодию фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои дунё алоқаи зич дорад. Ин робитаро дар соҳаи библиография ба роҳ мондан барои рушди китобхонаҳои кишвар аҳамияти хеле калон дорад. Бояд библиографияи тоҷик ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмиллалӣ мустаҳкам намуда, дар конфронсу симпозиумҳои библиографӣ фаъолона ширкат намуда, аз таҷрибаи бойи онҳо истифода барад.

Китобхона  пеш аз ҳама макони ганҷина ва хазинаи бебаҳои миллат буда, истифодаи он барои рушди иқтисодиёти миллии ҳар як давлат мусоидат мекунад. Китобхонаҳо бо хазинаҳои пурарзишу гаронбаҳо  ҳаёту зиндагонии шахсеро возеҳ нишон медиҳанд ва ҷомеаи имрӯзаро ба асрҳову давронҳо  мепайванданд, бо фарҳангу забони халқҳои дигар ошно месозанд ва бешубҳа пайвандгари инсоният ба шумор мераванд. Маҳз тавассути китобхонаҳо ганҷинаи маънавии ниёгонамон  ҳифз ва нигоҳдорӣ  карда мешавад.

Масъулияти  бештар дар татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва идоракунии китобхона ба дӯши роҳбари он вобаста мебошад. Бинобар ин мо роҳбарони  китобхонаҳо, саъю кӯшиш менамоем, то сатҳи дониши худ ва кормандони китобхонаамонро бо истифода аз технологияҳои иттилоотии замонавӣ, хизматрасониҳои нави соҳаи китобдорӣ мутобиқ ба рушд ва пешрафти ҷомеаи муосир ба роҳ монем. Дар мадди аввал мо бояд ба китобхонаҳо шахсонеро ба кор таъмин намоем, ки мутахассиси соҳа бошанд ва талаботи хонандаи закии китобхонаро бешак дар ҷустуҷуи адабиёти зарурӣ кӯмак  карда тавонанд. Корманди китобхона пеш аз ҳама бо мафҳуми иттилоот ва аз шаклҳои он  бояд бохабар бошад. Донад, ки имрӯз дар китобхона кадом намуди иттилоот мавҷуд аст ва тавонад, ки истифодабарандаро бо  иттилооти зарурӣ таъмин намояд.

Рисолати китобдор дар он вақт аён мегардад, ки ҳар як хонандае, ки ба китобхона ворид мешавад бояд «ноумед» аз ин даргоҳи ( ҳангоми  дастрас накардани  маълумоти зарурӣ) маърифат баромада  равад, балки то тавонад адабиёти зарурӣ ё муфидро дастрас намуда талаботи истифодабарандаро қонеъ созад.

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази милии патенту иттилооти»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он китобхонаҳои соҳавие дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки бо хазинаи гаронбаҳояш дар рушду нумӯи илми муосир, коркардҳои илмию техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва обьектҳои моликияти саноатӣ мусоидат менамояд. Нақши китобхона ҷиҳати рушди соҳаи китобдорӣ назаррас буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар равияи кори худ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ низ кӯмаки методӣ ва амалӣ расонад.

Дар давраи фаъолият ҷиҳати муттаҳид намудани соҳаи фарҳангии кишвар махсусан дар фаъолияти китобдорӣ бо ташаббуси бевоситаи Китобхона ҳамасола силсила чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд, ки дар баланд бардоштани мақоми касбии китобдор ва нуфузи китобхонаҳо мусоидат менамояд. То ба имрӯз аз ҷониби Китобхона ҳафт конфронсу семинари соҳавӣ ва се Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-ро ташкил ва баргузор намудааст, ки дар он мутахассисони варзидаи соҳаи китобдории ҷумҳурӣ ширкат намудаанд. Санаи 2 ва 3 майи соли ҷорӣ низ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси ҷумҳурявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» дар мавзӯи «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон»-ро баргузор намуд.

Дар кори Конфронс зиёда аз 130 нафар роҳбарони китобхонаҳои оммавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин мудирони китобхонаҳои муассисаҳои таълимии олӣ ва директорони китобхонаҳои  вазорату идораҳо ширкат варзиданд.

Ҳадафи баргузории конфронс барои муайяну мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки  рушди фаъолияти библиографӣ дар Тоҷикистон, таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хадамоти библиографӣ, таҳияи  санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дастуруламалҳо оид ба фаъолияти библиографӣ, тақвияти таҷрибаи муфиди мураттабсозии дастурҳои библиографии анъанавӣ ва электронӣ, маҳсуб ёфт.

Баргузории  конфронс  имкон дод, ки масъалаҳои  мубрами марбут ба фаъолияти библиографии китобхонаҳо, вазъи назария ва амалияи библиографияи тоҷик, нақшу мақоми марказҳои библиографӣ дар таҳияву интишори шаклҳои гуногуни дастурҳои библиографӣ сатҳу сифати истифодаи  дастурҳои библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, омӯзиш ва тарғиби асосҳои дониши китобдорӣ-библиографӣ дар китобхонаҳо, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни китобхонавӣ, Интернетӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар гузоришҳои кормандони китобхонаҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ  роҷеъ ба масоили вазъи  кунунии хизматрасонӣ бо дарназардошти воридшавии технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни беҳтар намудани фаъолиятҳои  шуъбаҳои  библиографии китобхонаҳо дар самти созмондиҳии дастгоҳҳои маълумотӣ-библиографии анъанавӣ ва электронӣ, таҳияи силсилаи дастурҳои библиографӣ доир ба мавзӯъҳои мубрами давр, ҷоннок  намудани фаъолияти китобхонаҳои электронӣ  ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар самти таҷдиди хадамоти библиографӣ дар кори китобхонаҳои Тоҷикистон мавриди зикр қарор гирифт.

Дар рафти  чорабинӣ аз  ҷониби иштирокчиён як зумра камбудиҳо дар фаъолияти библиографии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати рафъи ин камбудиҳо ва беҳтар гардидани вазъи истифодаи дастурҳои библиографӣ, таҳияи онҳо ва тарғиби донишҳои библиографӣ    пешниҳодҳо қабул ва ба унвонии Кумитаи тадорукоти конфронс  пешниҳод  карда шуд:

-бо дарназардошти  эълон шудани солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ барномаи давлатии «Рушди китобхонаҳои деҳот» таҳия карда шавад;

-барои таъмин намудани китобхонаҳои мамлакат бо теникаи китобдиҳӣ (қуттиҳои феҳрист ва  дигар таҷҳизоти тахассусӣ) корхонаи истеҳсолӣ созмон дода шавад;

-оид ба қоидаҳои тасвири библиографии асарҳои чопӣ ва дигар намуди нашрҳо стандартҳои давлатӣ қабул када шаванд;

-дастурҳои илмӣ-методӣ оиди  услуби таҳияи намудҳои мухталифи дастурҳои библиографияи хатӣ ва электронӣ ва истифодаи онҳо дар китобхонаҳо, тартиб дода шаванд;

-фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази библиографияи тавсиявӣ ҷоннок карда шавад;

-мубодилаи адабиёти электронӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ ба роҳ монда шавад;

–такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо (аз руи курсҳои Тасвири библиографӣ ва тавсифнависӣ, Усулҳои таҳияи ДМБ-и китобхона, Библиографинамоӣ, Омӯзиши ҷадвалҳои таснифотӣ-библиографӣ) баргузор карда шавад;

-дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Шурои рушди библиографияи тоҷик ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илмӣ-назариявӣ ва амалии фаъолияти библиграфӣ дар ҷумҳурӣ, ташкил карда шавад;

– семинарҳои омӯзишии оид ба донишҳои китобдорӣ- библиографӣ барои кормандони китобхонаҳои музофотӣ аз ҷониби  Китобхонаи Миллӣ, Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М. Миршакар  баргузор карда шаванд.

Баргузории конфронсу семинарҳои ҳамасолаи соҳаи китобдорӣ ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Мо кормандони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузошта, кӯшиш менамоем,  ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар самти ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ содиқона дар ҳаёт амалӣ намоем.

Пештара
Баъди

Leave A Comment