Муаррифӣ: Гулрухсор. Занони сабзбаҳор (Марзи номус),Чопи севум. 2019

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Муаррифӣ: Гулрухсор. Занони сабзбаҳор (Марзи номус),Чопи севум. 2019

Романи «Занони сабзбаҳор» соли 1990 бори нахуст чоп шуд. Таҳриру такмили ин асар, ки нахустин  романи муаллиф аст, солҳо давом кард. Пас аз муҳокимаи муфассалу хайрхоҳонаи устодони насри тоҷик дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ки сардабирияшро Лоиқ бар уҳда дошт, бо номи аслияш « Марзи номус» соли 1989 фишурда ба чоп расид.

Сохторе, ки қаҳрамонони роман барои ҳифзаш дар марзи номуси хеш ҷонбозӣ карда, корнома сохтаанд, дигар вуҷуд надорад, аммо ишқ, садоқат, меҳру вафо, нангу ор, шаъну шараф, виҷдону имон… ин сифатҳои инсонсоз, хушбахтона, дар ҷойи худ барҷоянд. Ба нашри кунунии романи «Занони сабзбаҳор» инчунин маводе, ки дар нашри аввал бо  сабабҳои гуногун аз асар берун монда буд, ворид карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки чопи дувуми романи «Занони сабзбаҳор» (Марзи номус) пас аз сипарӣ шудани бисту чаҳор сол дар шакли пурра боиси хушҳолии  на танҳо нависанда, балки  дустдорони ашъори шоира ва нависандаи муосири тоҷик Гулрухсор гардидааст. Дустдорони ашъори Гулрухсор метавонанд романи «Занони сабзбаҳор»-ро  аз фонди Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дастрас намоянд.

      Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона

Пештара
Баъди

Leave A Comment