РӮЗИ МОДАР!

Санаи  5-уми март  дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки кулли кормандони Муассиса бахшида ба 8-март «Рӯзи Модар»  чорабинии  бошукӯҳ ва пур аз хотирмон  баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Директори Муассиса  Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек   ифтитоҳ намуда, аввалан кулли бонувони  Муассиса ва баъдан дар шахсияти онҳо  ба тамомоми бонувону, модарони тоҷик  сиҳатию саломатӣ, осмони соф  ва рӯзгори осоиштаро таманно  намуданд. Инчунин  дар чорабинии зикргардида аз ҷониби  иштирокчиён  суханҳои беҳтарин дар васфи  Зан- Модар  баён гардида, баъдан   аъзоёни маҳфили  дустдорони китоб ва шеър «Сайқали зеҳн»-и МД ММПИ шеъру таронаҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро шод гардонданд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment