Наврӯз муборак!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
        Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам!
Чеҳраи поку дилафр
ӯз муборак бошад!

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст. Мо хушнуд аз онем, ки ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам меоварад, ки кишварҳои мо ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукӯҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист.

Умед дорем, ки Наврӯзи ҳуҷастапай имсол ба хонадони мардумони куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо аз ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза меорад, моро дар иҷрои нақшаҳои бунёдиву корҳои созандагӣ рӯҳу равони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини ин сарзамин рӯзи хушу соли накӯ ато менамояд.

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумоён ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ин ҷашни фарруху фархунда самимона шодбош мегӯем ва ба ҳар яки Шумо сулҳу амонӣ, рӯзгори осуда, рӯҳи болида ва иқболу саодат орзу менамоем.

Наврӯзи оламафрӯз, бедории табиат, оғози сарсабзиву хуррамӣ муборак бошад!

Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона.

 

Пештара
Баъди

Leave A Comment