Сухан з-осмонҳо фуруд омада,
Ба иқлими ҷонҳо вуруд омада.
А.Ҷомӣ
Дар ин китоб аз рўзгору осори адибон ва суханвароне, ки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд ва аз даврони бунёди иттиҳодия то соли 2014 ба он шомил гардидаанд, маълумоти мухтасари шарҳиҳолӣ дарҷ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои гуногун С. Носиров (1934-1935), А. Мавлонбеков (1935-1937),С. Улуғзода (1944-1946), М.Турсунзода (1946-1977), М. Ⱪаноат (1977-1991), А.Ҳаким (1991-2003), М.Бахтӣ (2003-2014) ва Н.Ⱪосим то имрўз ба уҳда доранд. Китоби шарҳиҳолӣ ба доираи васеъи дўстдорони аҳли сухану маърифат, ҳаводорони каломи бадеъ пешбинӣ карда шудааст.
Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона