ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

Санаи 20 апрели соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи Муассиаи давлатии «Маркази миллии  патенту иттилоот» (МД ММПИ)-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти МД ММПИ дар семоҳаи аввали соли 2021  бо иштироки васеъи кормандони Муассиса   баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори МД ММПИ  Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек   бо сухани ифтитоҳӣ  оғоз намуда, ҷиҳати  фаъолияти  семоҳаи аввал  барои пешниҳоди маърӯза суханро ба Муовини аввали Директори МД ММПИ Вализода Шавқат Шаробуддин доданд. Тибқи маърӯзаи пешниҳодгардида маълум гардид, ки фаъолияти Муассиса давоми семоҳаи аввал назаррас буда, кулли кормандони  Муассиса кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ҷиҳати  рушди  соҳаи  моликияти  зеҳнӣ  бахуссус  рушди ихтироъ ва ихтирокорӣ  дар ҷумҳурӣ  саҳми арзанда гузоранд. Ⱪобили зикр аст, ки дар  ҷаласаи  мазкур муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ⱪудратов иштирок ва баромад намуда, фаъолияти  семоҳаи Муассисаро  қаноатбахш  арзёбӣ намуда, барои фаъолияти минбаъдаи Муассиса комёбию бурдбориҳо    изҳор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Директори Муассиса  Мирзо Исмоилзода тибқи нишондодҳои семоҳаи аввал ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода,  таъкид  намуданд, ки барои пешрафти минбаъдаи  фаъолияти Муассиса  ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар як кормандро  зарур аст, ки масъулияти бештар ҳис намуда, дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби Муассиса ҷиҳати рушди соҳа давоми сол пешбинӣ гардидааст, фаъолона ширкат варзида, инчунин таклифу  пешниҳодҳоро  ба унвонии Роҳбарият манзур  намоянд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment