Асари илмӣ-тадқиқотии нависанда ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик А.Сайфуллоев «Уфуқҳои тозаи наср» ба масъалаи хеле муҳим, яъне баррасии инкишофи насри тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. «Уфуқҳои тозаи наср» аввалин тадқиқоти фарогирест, ки асосҳои илмии он устувор буда ва то ҷое сухани нав дар адабиётшиносии тоҷикӣ ба шумор меравад.
Агар Шумо бо муҳтавои асари мазкур аз наздик шинос шудан хоҳед, пас онро аз фонди адабиётҳои бадеии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дастрас карда метавонед!