Х.Ю. Юсуфбеков
Гуногуннамудии биологии экосистемаҳои кӯҳии Помир вобаста ба тағйирёбии иқлим»
«Биоразнообразие горных экосистем Памира в связи с изменением климата»
Дар маҷмуа маводи Конференсияи ҷумҳуриявии «Гуногуннамудии биологии экосистемаҳои кӯҳии Помир тағйирёбии иқлим» гирд оварда шудааст.
Усманова Т.Д.,Каримова М.Т. Таҳлили иқтисодиёти минтақа
Дар китоби дарсии мазкур мавзӯъ, вазифаҳо, усулҳо, мундариҷа ва самтҳои таҳлили иқтисодиёти минтақа; алоқамандии нишондиҳандаҳо ва консепсияҳое, ки ҷойгоҳи муносибати минтақавиро дар омӯзиши масъалаҳои иқтисодӣ тавсиф мекунанд;
Юлдошев Р.З. Онкология
Дар китоби дарсӣ аломатҳои ба назар намоёни омосҳои патологӣ инъикос ёфтаанд, усулҳои ошкор ва табобати омосҳои бадсифат ва хатарнок тавсиф шудаанд.
«Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист»
Маводҳои пешниҳодгардида ба омӯзиши масъалаҳои хусусиятҳои мутобиқшавии зироатҳои кишоварзӣ ба шароитҳои гуногуни экологӣ, таъсири омилҳои эндогенӣ ва экзогенӣ ба таркиби моддаҳои фаъоли биологии растаниҳои шифобахш ва захираҳои онҳо, инчунин ба масъалаҳои самаранок истифодабарии боигариҳои табиӣ бо назардошти дигаргуншавии иқлим равона гардидааст.
Кароматулло Олимов. Машъалафрӯзони хирад
Рисола ба фаъолияти илмию ташкилии ду файласуфи намоёни тоҷик,Президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, академики АИ ҶТ Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) ва асосгузори мактаби фалсафаи навини тоҷик, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Алоуддин Баҳоваддинов (1911-1970) бахшида шудааст.
Ширин Қурбонова, Машраби Абдуллоҳ.Чеҳраҳои академикӣ
Китобро муаллифон «Чеҳраҳои академикӣ»номгузорӣ намуда, дар он аз самтҳои фаъолияти илмии як қатор олимони шинохтаи кишвар маълумоти мухтасар пешкаш намудаанд.
Саидов А.С. Дастовардҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар китоб мақолаҳо оид ба дастовардҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд.
Купайи Г.Д., Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ., Исмоилзода М.Ҳ., Холиқов Т.Х. Асосҳои моликияти зеҳнӣ
Китоби дарсӣ доир ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, принсипҳои асосӣ ва мафҳумҳои он маълумоти умумӣ медиҳад.
Муҳаммад А.Н. Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо
Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои илмии олимони дохилӣ ва муҳаққиқони тоҷикшиноси хориҷӣ аз кишварҳои Русия, Олмон,