Бахшида ба «Рӯзи артиши миллӣ»

Бахшида ба «Рӯзи артиши миллӣ»

Санаи 23 феврал, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба ҷашни 29 солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони Муассиса ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Директори Муассиса Мирзо Ҳайдарбек чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуданд, ки  «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди давлат буда, 23 феврали соли 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Э. Раҳмон таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

 Баъдан аз ҷониби аъзоёни маҳфили адабии шеъру сухан «Сайқали зеҳн» барномаи адабӣ таҳти унвони «Сипари ватан» манзури ҳозирин гардида, бо пешниҳоди шеъру сухан ва саҳначаҳои тарбиявӣ  хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона

Пештара
Баъди

Leave A Comment