Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Аҳамияти таъсиси маъхазҳои электронӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва пешниҳоди дастрасӣ ба он»
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 20 майи соли 2022 семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Аҳамияти таъсиси маъхазҳои электронӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва пешниҳоди дастрасӣ ба он» – ро бо иштироки васеи китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор менамояд.
Мақсади асосии баргузор намудани семинар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон оид ба баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандони ҷумҳурӣ, дастрасӣ ба маъхазҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, ташкили сомонаҳои интернетии китобхонаҳо, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ ва хизматрасониҳои гуногуни китобхонавӣ, баррасии масъалаҳо дар фаъолияти кори китобдорон дар китобхонаҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавон, хонандагони синусоли гуногун ба китобхонаҳо ва иштироки онҳо дар Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Семинари мазкур санаи 20 май, дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» баргузор хоҳад гашт.
Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Айнӣ 14а. Бақайдгирӣ: соати 800 – 8 50
Оғози чорабинӣ: соати 900
Телефонҳо барои тамос: 911006255, 7774587, 934199947