Санаи 11-12 апрели соли чорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи чилум (дувоздаҳуми ғайринавбатӣ)-и Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ (ТПАО) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони ваколатдори давлатхои аъзо: ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Белорус, Федератсияи Россия ва Туркманистон иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарии Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгиро барои солхои 2021-2022 Ҷумхурии Тоҷикистон ба зимма дошта, ҷаласаро намояндаи ваколатдор аз Ҷумхурии Тоҷикистон дар шӯрои мазкур Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода роҳбарӣ намуд.
Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯро ҳисоботи солонаи Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ дар соли 2021, буҷети ТПАО барои соли 2022, Низомномаи молиявии Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ва Низомнома дар бораи боҷҳои ТПАО муҳокима гардида, тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои гузошташудаи Идораи патентии Авруосиёгии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои мақомоти ҷустуҷӯии байналмилалӣ, кӯмаки ТПАО ба идораҳои миллии патентӣ барои васеъ намудани имкониятҳои технопаркҳои миллӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуд.
Санаи 12 апрели соли ҷорӣ аз чониби Агентии давлатии иттилоотии “ТАСС”–и Федератсияи Россия вобаста ба ҷаласаи чилум (дувоздаҳуми ғайринавбатӣ)-и Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндаhttp://ncpi.tj/wp-content/uploads/2022/04/2022-04-11-%D0%90%D0%A1-%D0%95%D0%90%D0%9F%D0%9E_8472.jpgгони ваколатдори давлатҳои аъзо оид ба натиҷаи ҷаласаи мазкур ба хабарнигорон маълумоти муфассал пешниход намуданд.