26-уми апрел-Рўзи моликияти зеҳнӣ

Бахшида ба ин рўз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагон аз Вазорати фарҳанги ҶТ, Вазорати саноати ҶТ, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  навоварон ва ихтироъкорон, намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва кормандони МД ММПИ иштирок доштанд.Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. кушода  оид ба равнақи моликияти зеҳнӣ  ва дастовардҳо тайи Истиқлолияти давлатии ҶТ мухтасар маълумот дод. Дар ҷамъомад директори МД ММПИ муҳтарам Исмолзода М.Ҳ, намояндагони Вазорати фарҳанг, намояндаи навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ ва чанде дигар дар мавзўи “26-уми апрел- Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ таҳти унвони “Моликияти зеҳнӣ ва ҷавонон-инноватсия барои ояндаи беҳтар”, суханронӣ ва пешниҳоду таклифҳои созанда намуданд. Дар қисмати дигари ҷамъомад ба ихтироъкорон ва навоварон, намояндагони шарикони иҷтимоӣ ва кормандони фаъолу ташаббускори Марказ Ифтихорнома ва туҳфҳои  таъсиснамудаи Муассисаи давлатии   “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 Дар охир муовини вазир муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. ҷамъомадро бо  руҳияи шукргузорӣ аз Сулҳу истиқлоли кишвар, ваҳдату ягонагии мардуми шарифи Тоҷикистон ва таманнои тамоми хушиҳои рўзгор ба аҳли нишаст дар арафаи таҷлили  Иди шарифи Рамазон, ҳусни анҷом бахшид.

Пештара
Баъди

Leave A Comment