Санаи 20 майи соли 2022 Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳурияви илмӣ-амалии дар мавзӯи «Аҳамияти таъсиси маъхазҳои электронӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва пешниҳоди дастрасӣ ба он» – ро бо иштироки васеи китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор намуд.
Мақсади асосии баргузор намудани семинари мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон оид ба баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандони ҷумҳурӣ, дастрасӣ ба маъхазҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, ташкили сомонаҳои интернетии китобхонаҳо, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ ва хизматрасониҳои гуногуни китобхонавӣ, баррасии масъалаҳо дар фаъолияти кори китобдорон дар китобхонаҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавон мебошад.
Дар кори семинари зиёда аз 50 нафар роҳбарон ва кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳои ҷумҳурӣ, китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии баргузории семинарии мазкур барои муайяну мушаххас намудани фаъолияти китобдорӣ дар раванди ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ, вазъи воқеии фаъолияти китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият, баррасии масъалаҳо оид ба ташкили сомонаҳои интернетии китобхонаҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни китобхонаҳо, ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз манобеи электронӣ, технологияҳои иттилоотӣ, андешидани чораҳо вабаста ба баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ, нуфузи китобхона, савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо, маданият ва фарҳанги муошират, санъати баланди қабули хонандагон-истифодабарандагони китобхона, ҷустуҷӯи босифат ва оҷилии сарватҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни наврасону ҷавонон, ташкили маъхазҳои электронӣ бо истифода аз фондҳои чопӣ, манобеи электронии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни интернетӣ, таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар баромади кормандони китобхонаҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ роҷеъ ба масоили ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо ба тақозои даврони истиқлол ва омӯзиши техникаю технологияи навин баён ёфтанд.