Адабиётҳои тозанашр

  1. Абдуҳалим Ғаффорзода

Сафири хуршед. (Маҷмӯаи ҳикояҳо). Душанбе, «Дониш», 2022-280с.

Хонандаи гиромӣ! Маҷмӯаи мазкур зикри ҳодисаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳаводису воқеаҳои он аслан дар ибтидои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон, дар давраи ҷанги таҳмилӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки ба қалами адиби хушбаён, устод Абдуҳалим Ғаффорзодаи Розиқ буда муалифи китоб худ шоҳиди зиндаи воқеаҳои мутазаккир будаву онҳоро ошкоро ба қалам додаст.

 

  1. Муҳабати Юсуф

Лолаҳои арғувонӣ.  Қиссаи таърихӣ. Душанбе:  Ирфон, 2022с.-232с.

Дар китоби мазкур таърихи воқеии зиндагиномаи як хонавода, ки се давраи таърихиро дар бар мегирад, хеле ҷолиб тасвир ёфтааст. Китоб бо шеваи фаҳмову равон таълиф гардида ҳамчун қиссаи таърихӣ-бадеӣ ва воқеӣ аз ҳаёти намояндагону бозмондагони як авлоду се насли он, ки аз дудмони ёхсучиёни Ховалинг сабзида, асри ба аср то ба имрӯз расидаанд, дарак медиҳад.

  1. Лоиқ Шералӣ.

 ОфтобборонХуҷанд: Ношир, 2022с. – 462 с.

«Офтобборон» яке аз китобҳои маҳбуб ва серхондатарини шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ мебошад. Маҷмӯа шеърҳои гуногугун, аз ҷумла ғазал, дубайтӣ ва тарҷумаҳои Лоиқ Шералиро дар бар гирифта, хонандаро ба олами рангини сухан раҳнамоӣ мекунад.

  1. Лариса Додхудоева, Тутинисо Ашурмадова.

Деҳаи Вору.  Ҳунармандони деҳаи Вору. Душанбе – 2022с.

Китоби мазкур дар асоси маводҳои тадқиқоти саҳроӣ, экспедитсияи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар деҳоти Болооби Зарафшон, аз ҷумла деҳаи Ворӯ, ки моҳи октябри соли 2019 баргузор гардида буд, мураттаб гардидааст.

Фарҳанги мардуми деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳалии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд. Воқеан экспедитсия нишон дод, ки дар ин маҳали дурдасти аҳолнишин  то имрӯз осори зиёди ҳунармандӣ боқӣ мондаанд, ки бештари онҳо решаи хеле қадимаи пайдоиш доранд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment