Баргузории вохӯрии онлайнӣ бо Директори Китобхонаи патентию техникии умумироссиягӣ

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Баргузории вохӯрии онлайнӣ бо Директори Китобхонаи патентию техникии умумироссиягӣ

14 апрели соли 2023 бо ибтикори Китобхонаи патентию техникии умумироссиягӣ (Институти федералии моликияти саноатии Роспатент) дар якҷоягӣ бо Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ вохӯрии онлайнӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Кувриков Глеб Борисович – муовини сардори Раёсати байналмилалии Роспатент ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни он ҷонибро ба ҳамагон шинос намуд. Дар вохӯрии зикргардида Холиқов Тоҳир Халилович – директори КДПТ бо Кузнетсова Татяна Викторовна – директори Китобхонаи патентию техникии умумироссиягӣ вобаста ба ҳамкориҳо дар самти истифодабарии феҳристҳои электронӣ ва таъмини китобҳои электронӣ барои ҷалби зиёди хонандагон изҳори назар карданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин ба роҳ монда шуд:

  1. Мушкилоти истифодаи системаи электронии «ИРБИС» дар КДПТ МД ММПИ;
  2. Муҳайё намудани барномаи навъи нави «ИРБИС» ба КДПТ МД ММПИ;
  3. Дастрасӣ ба сарчашмаҳои феҳристи электронӣ ва истифодаи манбаъҳои электронии Китобхонаи патентию техникии умумироссиягӣ.

Гуфтушунидҳо вобаста ба масъалаҳои бамиёномадаи марбут ба Ирбис доир гардида, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар истифодабарии феҳристи электронӣ аз ҷониби мутахассисони Китобхонаи патентию техникии умумироссиягӣ пешниҳоду маслиҳатҳо дода шуд.

Вохӯрӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, мубодилаи таҷриба ва гуфтугӯ дар раванди системаи электронии кори китобдориву китобтаъминкунӣ барои хонандагони китобхона сурат гирифт.

Пештара
Баъди

Leave A Comment