Санаи 19-уми марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2024 дар саҳни бинои Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки роҳбариятии муассиса ва кормандон баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандон ва мардуми шарафманди кишварро бо ин ҷашни бостонӣ табрику таҳният намуданд.
Қайд намуданд, ки дар замони истиқлолии кишвар, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт. Қобили зикр аст, ки бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин иҷлосияи навбатии худ Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.
Сипас тибқи барнома бо иштироки васеи кормандони муассиса тибқи анъана чорабиниҳои гуногуни милливу варзишӣ, аз қабили суманакпазӣ, бандкашӣ, тенниси рӯи миз, рақси миллӣ, шеъру таронаҳо дар васфи Наврӯз ва ғайраҳо доир карда шуданд.
Дар фарҷом, ғолибон ва ҷоизадорони чорабиниҳои варзишӣ аз ҷониби директори муассиса бо ифтихорнамаҳо қадрдонӣ карда шуданд.