Воқеан ҳам, китоб манбаи дониш, чароғи ақл ва равшании дили инсонҳост. Маърифати инсон аз хондани китоб оғоз мегардад ва тамоми бузургони олам низ аз мутолиаи китоб мақом ва ҷойгоҳи аълоро соҳиб гаштанд. Пайваста мутолиа намудани китоб беҳтарин василаест дар роҳи ташаккули маърифат ва шуури инсон ва ҷалби бештари мардум, махсусан наврасону ҷавонон ба китобхонӣ роҳи дурустест дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии миллат.
Маҳз бо ҳамин мақсад, санаи 28-уми марти соли ҷорӣ, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нерӯи зеҳнӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” шиносоии як гурӯҳ ҷавонони фаъоли аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур аз китобхонаи соҳавии МД “Маркази миллии патенту иттилоот” ба роҳ монда шуд.
Дар рафти шиносоӣ аз ҷониби мутасадиёни китобхонаи мазкур ба иштирокчиён доир ба имконият ва шароити китобхона, инчунин, тартиби истифодабарии китобҳои китобхонаи мазкур аз ҷониби муштариён маълумотҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, дар идома, ҷавонони хоҳишманд ба китобхонаи мазкур аъзо гардида, ба онҳо шаҳодатнома ҷиҳати истифода намудан аз китобҳои ин даргоҳи илм, тақдим карда шуд.