Омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Шурӯъ аз  16.04.2024 бо супориши Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар толори Муассиса омӯзиши васеи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Дар он кулли кормандони Муассиса бо мақсади бори дигар огаҳӣ пайдо намудан аз тарзу услуби имлои нави забони тоҷикӣ,  дар доираи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06. 2021№268), фаро гирифта шуда,саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд,ки барои минбаъд  дар фаъолияти кории худ дар татбиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ муваффақ  шаванд.

Омӯзишро корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Р.Зулфиён амалӣ намуд, ки ба  шунавандагон  оммафаҳм ва   саривақтӣ  дониста шуд.

 Гулнора Бутаева

корманди шуъби иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ

Пештара
Баъди

Leave A Comment