Хабар

«ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ-2021». Пагоҳ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда доир мегардад

Пагоҳ, 18 декабр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор мешавад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар». Дар маросими расмии пӯшидашавии «Душанбе – […]
Идома...

Маркази миллии тестӣ дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ доир намуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  давоми моҳҳои октябр-декабри соли равон дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишии тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми ИМД-ро миёни хатмкунандагон синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор намуд,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз  хадамоти матбуоти Маркази миллии […]
Идома...

Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он ғолибони номинаҳо муайян гардида, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва  туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои […]
Идома...

Пагоҳ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 муайян мегарданд

Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора […]
Идома...

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рақобат барои дарёфти «Шоҳҷоиза» ҷараён дорад

Даври муқаддамотии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ ба анҷом расид ва имрӯз рақобат барои «Шоҳҷоиза» ҷараён дорад, гузориш медиҳад аз ҷараёни озмун хабарнигори АМИТ «Ховар». Тибқи низомнома, нафароне, ки дар номинаи худ мақоми аввалро мегиранд, ҳаққи рақобат барои «Шоҳҷоиза» доранд. Дар ин давр 5 нафар хуштолеъҳо, […]
Идома...

Донишҷӯи ДМТ Шамил Абдураҳмонзода дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид

ДУШАНБЕ, 8.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи […]
Идома...

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ          Имрӯз, яъне 29 октябри соли 2021 дар Китобхонаи давлатии патентию техникиии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявӣ таҳти  унвони “Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ” баргузор гардид.        Семинарро бо сухани муқаддимавӣ […]
Идома...

«Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули форсу тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш  800 сол инҷониб маъруф аст. Ҷаҳони тафаккури ин алломаи ирфону адаб ҳамеша андешаҳои инсонгароиву инсонсозиро ба ҳукми шиори зиндагӣ ва ҳикмати пурбори маънавӣ ҷилвагар месозад. Ин нукта 21 […]
Идома...

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоишдоир шуд

Бахшида баРӯзи байналмилалии мусиқӣ имрӯз бо ибтикори раёсати  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар театри таълимии донишкада ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд. Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур мувофиқи нақшаи чорабиниҳои […]
Идома...

Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии «KIWIE-2021» соҳиби медал шуданд

Муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Малика Раҳимова бо дастгирӣ ва роҳбаладии декани факултети мазкур, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Сафол Мӯсозода дар Намоишгоҳи 14 — уми байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE- 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуда, ба комёбии чашмгир […]
Идома...