Дар Панҷакент ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ниммарафони ҷумҳуриявӣ доир шуд
19 сентябр ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мавзеи сайёҳии «Ҳафткӯл» барои дарёфти ҷоизаи раиси шаҳри Панҷакент ниммарафони ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон. Дар мусобиқаи мазкур дар баробари давандаҳои Тоҷикистон намояндагон аз Афғонистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Узбекистон ва […]